Беҳбудии беш аз 353 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Thu, 17 Sep 2020 11:31:34 GMT )
Сентябр 17, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 353 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро беш аз 353 ҳазор нафар эълом кард.

Сухангӯи  Вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Симо Содоти Лорӣ рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта , ду ҳазору 815 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 628 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба  сурати сарпоӣ хадамот  ироа шуд .
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 413 ҳазору 149 нафар расидааст , афзуд : Муттаассифона дар 24 соати гузашта , 176 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 23 ҳазору 808 нафар расидааст .

Барчасп