Руҳонӣ: имрӯз замони "на" гуфтани ҷаҳониён ба зӯргӯист
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57710
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронӣ аз роҳи дур дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: имрӯз замони на гуфтани ҷаҳониён бар зӯргӯист.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2020 00:03 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: имрӯз замони

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронӣ аз роҳи дур дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: имрӯз замони на гуфтани ҷаҳониён бар зӯргӯист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасан Руҳонӣ сешанбешаб ба вақти Теҳрон дар суханоне, ба сурати видеоконференсия дар ҳафтоду панҷумин нишасти солонаи Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид пахш шуд, таъкид кард даврони султа ва гегимонӣ ба сар омадааст.

Руҳонӣ гуфт: зиндагӣ бо таҳрим сахт аст, аммо сахттар аз он зиндагӣ бидуни истиқлол аст ва Эрон ба унвони куҳантарин демократия дар Ғарби Осиё, ба мардумсолории худ меболад.

Раиси Ҷумҳурии Эрон афзуд: бархе аз ҳуқуқи башар сухан мегӯянд, вале бо фишори ҳаддиаксарӣ, маишат, саломат ва ҳатто ҳаққи ҳаёти ҳамаи эрониёнро ҳадаф гирифтаанд.

Руҳонӣ гуфт: бархе худ ва дастнишондагонашон, дар ҳар чи ҷанг, ишғол  ва таҷовуз дар Фаластин, Афғонистон, Яман, Сурия, Ироқ, Лубнон, Ливия, Судон ва Сомалӣ аст, мустақиман ба оташафрӯзӣ машғуланд, вале Эронро масъули шикастҳои худ дар баробари иродаи мардуми минтақа медонанд.

Руҳонӣ ҳамчунин бо баршумурдани бахшҳое аз корномаи дурахшони Эрони исломӣ ба унвони меҳвари сулҳу субот, мубориза бо ишғолу ифроту манодии гуфтугӯ ёдовар шуд: бархе иддао карданд, ки барои мубориза бо  Саддом ба минтақа омадаанд, дар ҳоле, ки худ, он ҳаюлоро дар ҷанги таҳмилӣ алайҳи Эрон тануманд сохтанд ва акнун низ аз мубориза бо  терроризм ва ДИИШ дам мезананд, ки худ онро эҷод кардаанд ва барои ин ҷинояти худ аз миллатҳои минтақа талабкор ҳам ҳастанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба фурӯши садҳо миллиард доллар силоҳ ба минтақаи Ғарби Осиё ва табдили он ба амбори борут гуфт: амрикоиҳо ба дурӯғ Эронро ба талош барои сохти силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, дар ҳоле, ки ҷурми истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар таърихи башариятро, танҳо ба номи худ сабт карданд ва танҳо режими дорандаи силоҳи ҳастаӣ дар минтақаи Ғарби Осиё (режими саҳюнистӣ) бозигари хаймаи шаббозии онҳост.