Шиносоии беш аз се ҳазор бемори Ковид -19 дигар дар Эрон
(last modified Sat, 26 Sep 2020 12:55:02 GMT )
Сентябр 26, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз се ҳазор бемори Ковид -19 дигар дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди Ковид -19 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Симо  Содоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта  се ҳазору 204 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 274 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 443 ҳазору 86 нафар расидааст, ки то кунун 372 ҳазору 51 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта , 172 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 25 ҳазору 394 нафари расид.
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 32 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  994 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 24 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .