Сентябр 27, 2020 14:21 Asia/Dushanbe
  • Намоиши паҳподҳои мутаҷовизи амрикоӣ ва саҳюнистӣ дар Теҳрон

Теъдоде аз паҳподҳои мутаҷовизи амрикоӣ ва саҳюнистӣ, ки аз тариқи падофанди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ соқит шудаанд дар намоишгоҳе дар Теҳрон ба намоиш даромада аст.

Ин паҳподҳо субҳи имрӯз дар намоишгоҳи доимии дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдии нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар Теҳрон дар маърази диди умум қарор гирифт.

Дар ин намоишгоҳ бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдии нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар ҳавзаҳои мушакӣ, паҳподӣ, моҳвораӣ ва падофанди сомонаҳои кашф ва шиносоӣ ва ҷанги электронӣ ва низ дастовардҳои марокизи пажӯҳишӣ ва таҳқиқотӣ ироа шудааст.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ ҷадидтарин дастовардҳои нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун руботи ҳӯшманди Корокол, худрави тактикӣ, моторҳои пистонии паҳпод ва руботи имдодгар рӯнамоӣ шуд.

 

Барчасп