Коршиноси сиёсӣ : Эрон бештарин зарфиятро барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57895-Коршиноси_сиёсӣ_Эрон_бештарин_зарфиятро_барои_ҳалли_муноқишаи_Қарабоғ_дорад
Коршиноси эронии масойили Қафқоз гуфт: Ду тарафи муноқишаи Қарабоғ метавонанд аз зарфияти Эрон барои ҳалли ин ихтилоф баҳра бигиранд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2020 15:14 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси сиёсӣ : Эрон бештарин зарфиятро барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ дорад

Коршиноси эронии масойили Қафқоз гуфт: Ду тарафи муноқишаи Қарабоғ метавонанд аз зарфияти Эрон барои ҳалли ин ихтилоф баҳра бигиранд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Аҳмади Козимӣ афзуд : « Ҷумҳуӯрии Озарбойҷону Арманистон бо гузашти 28 сол аз фаъолияти гурӯҳи Минск ва дарки ин воқеъияти талх, ки ин гурӯҳ ба дунболи ҳалли муноқиша ва ҳатто иҷрои чаҳор қатъномаи 1993-и Шурои амният нест , беҳтар аст аз зарфиятҳои Эрон барои ҳалли доимӣ ва одилонаи муноқишаи Қарабоғ истифода кунанд» .

 Мудири пажӯҳишҳои корбурдии бурӯнмарзии Садо ва симо ёдовар шуд, ки Эрон аз ҳамон ибтидо барои ҳалли муноқиша ва миёнҷигарӣ ва ироаи тарҳ эъломи омодагӣ карда аст , аммо кишвари Озарбойҷон ва Арманистон эълом карданд ки гурӯҳи Минск ба раҳбарии Амрико , Рӯсияу ва Фаронса дар ҳоли миёнҷигарӣ ҳастанд ва ин дар шароите буд, ки Эрон ба далели иштироки тамаддунӣ ва фарҳангӣ бо Қафқоз ва ҳамсоягӣ бо ҳар ду кишвари ҷумҳӯрии Озарбойҷону Арманистон , аз абзорҳои муассире барои ҳалли одилонаи муноқиша бархӯрдор аст ва аз ҳалли ин ихтилоф суд мебарад.

 Козимӣ сиёсати қудратҳои миёнҷигарикунанда дар масъалаи Қарабоғ ва дахолат дар минтақаи Қафқозро омили тӯлонӣ шудани ин муноқиша донист ва гуфт : Шуравии собиқ барои инки битавонад бар ин минтақа тасаллути пойдор пайдо кунад , даст ба эҷоди муноқишаи Қарабоғ зад ва Амрико , режими саҳюнистӣ ва бархе дигар аз кишварҳо пас аз фурӯпошии Шуравӣ ҳамчунон ин сиёсатро дунбол мекунанд .

 Ба гуфтаи коршиноси сиёсии масойили Қафқоз , имрӯза Исроил ба як тарафи муноқиша, яъне ҷумҳӯрии Озарбойҷон силоҳ мефурӯшад ва абзорҳои аз кор андохтани ҳамон силоҳҳоро дар ихтиёри тарафи дигари муноқиша, яъне Арманистон қарор медиҳад