Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон
(last modified Wed, 30 Sep 2020 12:16:02 GMT )
Сентябр 30, 2020 17:16 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон

Беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона дар 24 соъати гузашта дар Эрон шиносоӣ шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; дар 24 соъати гузашта се ҳазору 582 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ҳазору 567 нафар бистарӣ шуданд .

Бар ин асос маҷмӯъи беморони КОВИД- 19 дар Эрон ба 457 ҳазору 219 нафар расидааст .

Ҳамчунин дар 24 соъати гузашта 183 нафар аз беморони КОВИД-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 26 ҳазору 169 нафар афзоиш ёфт .

То кунун 380 ҳазору 956 нафар аз беморон беҳбӯд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудӯди 34 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш як миллион нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 25 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд

 

Барчасп