Октябр 04, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон дар бораи паёмадҳои ҷанги Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба ду тарафи муноқиша

Минтақаи "Қарабоғи Кӯҳистонӣ" (Нагорный Карабах) ; саҳнаи даргирии нерӯҳои артиши Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

 Шӯълаҳои ҷанг бори дигар дар ин минтақа забона кашида то зиштиҳо ва талхиҳои худро нишон диҳад. Чаро ин ҷангро мебоист аз ҷанбаҳои мухталиф таҳлилу тафсир кард .
Ин ҷанг аммо ба ҳар далел. ки оғоз шуда бошад , паёмадҳояш васеъ ва нигаронкунанда аст . Ду тараф ин муноқишаи якдигарро ба оғози ин даргирӣ  муттаҳам мекунанд. Акнун бо шиддат гирифтани даргириҳо садо инфиҷорҳо дар нуқоти марзии Эрони ҳам шунида мешавад .
Дар чанд рӯзи гузашта исобати хумпора ба бархе аз нуқоти марзӣ аз ҷумла минтақаи Худофарини остони Озарбойҷони Шарқӣ ва Аслондўзи остони Ардабил сокинони марзнишини ин ду остонро нигарон кардааст .
 «Алӣ Амири Род » фармондори шаҳристони « Худофарин »-и Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИСНА  аз исобати беш аз 10 ракети хумпора дар минтақаи Қарабоғ ба манотиқи марзии Эрон дар шимоли ғарби кишвар хабар дод. аз рӯзи нахусти шурӯи даргирӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон то кунун , беш аз 30 ракети хумпора ба ин шаҳристон исобат кардааст . Мутмаинан ҳеч амде дар ин исобатҳо вуҷуд надоштааст. бо ин ҳол​​​​​​ таҳаррукот дар манотиқи марз  ба таври ҷиддӣ ва бо ҳассосияти тамом аз сӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли расад шудан аст . Нерӯҳои низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз омодагии комил бархурдоранд ва дар сурати лузум ҳаргуна таъаррузро қотеъона посух медиҳанд .  
 «Саид Хатибзода» сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар хусуси ин иттифоқот зимни эъломи ғайриқобили таҳаммул будани ҳар гӯна таъарруз аз сӯи тарафҳои даргир дар минтақа ба хоки Эрон, ба ҳамаи тарафҳо дар замининаи муроқибати лозим дар ин хусуси ҳушдор ҷиддӣ дод . Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бар лузуми эҳтиром ба тамомияти арзи  Ҷумҳурии Озарбойҷон, риояти асли адами таъарруз ба ғайринизомиён , таваққуфи даргириҳо ва оғози гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва замондор таъкид кард .
Муноқиша миёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғ аз соли 1988 милодӣ оғоз ва дар соли 1992 милодӣ ба даргириҳои низомӣ табдил шуд. Дар соли 1994 милодӣ бо миёнҷигарии гурӯҳи Минск Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, оташбас миёни тарафайни муноқиша барқарор шуд, вале талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мусолиматомези ин муноқиша то ба ҳол натиҷа надошта ст. Он чӣ мусаллам аст ҳеч кишвару миллате аз ҷанг суд набурда ва ҳосили ҷангҳо аз байн рафтани ҷони инсонҳои бегуноҳ, зерсохтҳо‌ ва зербиноҳо будааст. Қафқози ҷанӯбӣ низ минтақае ҳассос ва раги ҳаётии энержии Аврупо аст, ки ҷанг дар он, илова  бар коронаи кушанда, пои бисёре дигарро ҳам ба ин муноқиша мекашад .
 «Муҳаммад Ҷавод Зариф » вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар Твиттер навишт : «Эрон хушунати нигаронкунанда дар Қарабоғи Кӯҳистониро аз наздик зери назар дорад . мо хостори поёни фаврии хусуматҳо буда ва хостори гуфтугӯ барои ҳалли ихтилофот ҳастем . Ҳамсоягони мо авлавияти мо ҳастанд ва мо омодаи фароҳам кардани заминаи хуб барои мумкин кардан гуфтугӯҳо ҳастем. Минтақаи мо ҳам акнун ниёзманди сулҳ аст.»
Аз ин дидгоҳ, ҳушдори Эрон ба тарафайни муноқиша нишондиҳандаи дағдағаҳои Эрон нисбат ба густариши доманаи ҷангу паёмадҳои он аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътақид аст ҳалли ихтилофот фақат аз тариқи гуфтугӯ ва ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳамсоя имконпазир хоҳад буд. Мувофиқи ин, дар дипломатияи минтақавии худ Эрон чораҳоеро меандешад, ки барои қатъи муноқиша ва ҳамзамон саркӯб кардани таҳдидҳо зарур аст. .