Октябр 12, 2020 17:10 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи муъаззами кули қувои Эрон Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ
    Фармондеҳи муъаззами кули қувои Эрон Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд, ки иллати ёвагӯии амрикоиҳо алайҳи Эрон, тарси онҳо аз тавоноиҳои ҷумҳурии исломӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, фармондиҳи муъаззами кулли қувои  Эрон Ҳазрат  Оятуллоҳи Хоманаӣ  рӯзи душанбе дар иртиботи тасвирӣ бо маросими муштараки донишомӯхтагии донишгоҳҳои афсарии Нерӯҳои мусаллаҳ дар донишгоҳи афсарии Имом Алӣ (а) гуфтанд : «ёвагӯии амрикоиҳо, ношӣ аз тарс ва ҳамчунин ақаибмондагии онҳо аст, аммо бояд бидуни тавваҷӯҳ ба ин фазосозиҳо, дастгоҳи муҳосиботии ақлониро ҳифз кард ва Ҷумҳурии исломӣ дар ҳамаи арсаҳо боз ҳам пеш  хоҳад  рафт.»
Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба ибрози хушҳолии Раиси Ҷумҳурии Амрико аз ихтилол дар иқтисоди Эрон ва ҷинояти зидди миллати Эрон ба амрикоиҳо гуфтанд : « ифтихор ба чунин ҷинояте фақат аз одамҳои разил  мисли шумо бармеояд.»
Фармондеҳи муъаззами кули қувои Эрон афзуданд : « албата вазъи имрӯзи Амрико бо ҳазорон миллиард доллари касрии буҷету даҳҳо миллион гурусна ва инсони зери хати фақри  бисёр бад асту миллати Эрон бо қудрати имон ва азми миллӣ ва ба кӯурии чашми масъулони разил, хоину ҷинояткори Амрико бар мушкилот ғалаба мекунад ва аз таҳрим низ ба унвони василае барои муқовимсозии воқеии иқтисоди кишвар истифода  хоҳад  кард.»
Ҳазрат Оятуллоҳи Хоманаӣ бо таъкиди дубора бар ин мавзӯ, ки илоҷи мушкилоти кишвар дар дохил аст, гуфтанд : « мушкилоти иқтисодӣ ва маъишатии мардум, ба шарти " талоши шабонарӯзии масъулон", "мудирияти қавӣ, ҷомеъ ва хастагинопазир" ва " тамаркуз бар тавлиди дохилӣ ва чашми умед  надоштан ба хориҷ  " қобили ҳал ҳастанду сару садоҳои арозили мусаллат бар миллати Амрико ҳам набояд зеҳни касеро машғул кунад .»

Барчасп