Шумори қурбониёни корона дар Эрон аз 30 ҳазор нафар гузашт
-
Охирин омор аз беморони Ковид -19 дар Эрон то рӯзи шанбе 17 октябр
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон шумори ҷонбохтагони бемории Ковид -19 дар ин кишвар аз 30 ҳазор нафар гузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симо Содот Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар гуфт: «Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта чаҳор ҳазору 103 бемори ҷадиди Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 779 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд.»
Лорӣ гуфт: «маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 526 ҳазору 490 нафар расидааст, ки то кунун 423 ҳазору 921 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»
Вай афзуд: «Мутаассифона дар 24 соати гузашта 253 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 30 ҳазору 123 нафар расидааст.»
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 39 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз як миллион нафари ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 29 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд .