Муҳаққиқи эронӣ барандаи медали тилоии "Нютон"
Ноябр 01, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
Муҳаққиқи эронӣ ва устоди Донишгоҳи "Пенсилвания" барандаи медали "Исаак Нютон" шуд
Пажӯҳишгоҳи физикаи Бритониё (IOP) медали Исаак Нютонро дар соли 2020 ба Нодир Инқитоъ, муҳаққиқи эронӣ аз Донишгоҳи Пенсилванияи ИМА супурд.
Вай ҷоизаро барои навовариҳои пешрав ва кӯмакҳои трансформатсионии эҷодӣ дар соҳаи нано-миқёси маводҳои мураккаби электромагнитӣ ва оптикӣ, инчунин таҳияи маводҳои индексии наздик ба сифр ва ҳисобҳои аналогӣ ва нанокринтҳои оптикӣ ба даст овард.
Инқитоъ илова бар дарёфти медали Исаак Нютон, дар соли ҷорӣ ҷоизаи Max Bourne-2020-ро ба даст овард.