Ноябр 04, 2020 18:46 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб се ҳазору 780 зиндониро дар Эрон авф карданд
    Раҳбари муаззами инқилоб се ҳазору 780 зиндониро дар Эрон авф карданд

Раҳбари муаззами инқилоб ба муносибати фаро расидани мелоди Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва валодати Имом Ҷаъфар Содиқ (а) бо пешниҳоди авф ва сабук кардани муҷозоти се ҳазору 780 нафар маҳкумшудагон ва зиндониён дар Эрон мувофиқат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Раиси қувваи қазоияи Эрон "Сайид Иброҳим Раисӣ" ба муносибати мелоди Паёмбари ислом (с) ва Имом Ҷаъфар Содиқ (а) дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоб пешниҳоди авф ё коҳиш ва табдили муҷозоти се ҳазору 780 нафар аз зиндониён ва маҳкумони додгоҳҳои Эронро ироа кард.

Ҳазрат Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз фасли 110 қонуни асосии Эрон мувофиқат карданд.

Рӯзи гузашта сешанбе 17 рабиул аввали соли 1442 ҳиҷрӣ-қамарӣ, мусодиф бо сеюми ноябри соли 2020 солрӯзи мелоди хуҷастаи Паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад Мустафо (с) ва солрӯзи мелоди пурбаракати Ҳазрати Имом Ҷаъфар Содиқ (а) буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп