Ноябр 06, 2020 18:16 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори воҳидҳои зиреҳии артиши Эрон дар марз бо Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
    Истиқрори воҳидҳои зиреҳии артиши Эрон дар марз бо Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Фармондеҳи қароргоҳи минтақаи шимоли ғарби нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз истиқрор ягонҳои зиреҳии ин қароргоҳ дар навори марзии кишвар бо ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон хабар дод.

Амири сартип Алии Ҳоҷилу, фармондеҳи қароргоҳи минтақаи шимоли ғарби Нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа бо таъкид бар ин ки артиш аз марзҳои кишвар дар баробар ҳар гуна тааддӣ ва тааррузи душманон дифоъ мекунад, хотирнишон кард, ба таври қатъӣ амният ва осоиши зиндагии рӯзмарраи марзнишинон аз авлавиятҳои артиши Эрон аст.

Сартипи Ҳоҷилу афзуд, бо тавваҷуҳ ба танишҳои ахир байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, нерӯи заминии артиши Эрон дар минтақаи шимоли ғарби кишвар маъмурият дорад, аз ҳар гуна таҳдиду ноамнии эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кунад.

Манотиқи марзии устони Озарбойҷони шарқии Эрон дар шаҳристони Худоофарин ба тӯли 135 километр дар муҷовирати хутути ҷанги Қарабоғ миёни низомиёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон аст.

Аз ибтидои даври ҷадиди муноқишаи Қарабоғ то кунун даҳҳо ракетаву хумпораи тарафайни даргир ба заминҳои Эрон дар шаҳристони Худоофарин бархӯрд кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп