Ноябр 07, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии мардуми Эрон дар пайи ҳодисаи донишгоҳи Кобул дар расонаҳои Афғонистон бозтоби бисёре дошт
    Ибрози ҳамдардии мардуми Эрон дар пайи ҳодисаи донишгоҳи Кобул дар расонаҳои Афғонистон бозтоби бисёре дошт

Шаҳрвандон ва фарҳехтагони Афғонистон аз изҳори ҳамдардии густардаи эрониён пас аз ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ҳамдардии густардаи эрониҳо бо истифода аз ҳаштаг #ҷони_падар_куҷостӣ ? дар робита бо ҷонбохтагони инфиҷор ва ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул дар Афғонистони бозтоби густарда ёфт ва мавриди истиқболи гарми расонаҳо ва фазои маҷозии Эрон қарор гирифт.

 Эрониён дар пайи ҳодисаи террористии донишгоҳи Кобул бо мардуми Афғонистон ибрози ҳамдардӣ мекунанд

Агентии Садои Афғонистон (AVA) дар хабаре таҳти унвони "Ташаккур, ҳамсоя" навиштааст: "Дар байни ҳама аксуламалҳо, чун ҳамеша, миллати дӯст, бародар, ҳамдин ва ҳамзабони мо Эрон роҳбариро ба ӯҳда гирифт ва бо мардуми мотамзадаи Афғонистон дар ин мусибати азим гирист ва ибрози ҳамдардӣ кардааст. Шаҳрдории Теҳрон бо насби плакатҳо дар паҳлӯи ибораи "Мо бо шумо ҳамсоя ҳастем, ҳамсоя" аз ҳаштаг "Ҷони падар куҷостӣ?" истифода кардааст. "

 

Image Caption

Ин хабаргузорӣ аз ҳузури мақомоти эронӣ аз ҷумла Сайид Аббос Ироқчӣ муовини вазири умури хориҷа ва Раиси Созмони энергетикии атомии Эрон Алиакбар Солеҳӣ низ дар сафорати Афғонистон дар Теҳрон хабар дод, ки дафтари ёдбуди қурбониёни ҳамла ба донишгоҳи Кобулро имзо карданд.

Муовини вазири хориҷаи Эрон Ироқчӣ дафтари ёдбуди шуҳадои ҳодисаи террористии донишгоҳи Кобулро имзо кард

Хабаргузории Ҷумҳурии Афғонистон низ гузориш дод: "Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози ҳамдардӣ бо шуҳадои донишгоҳи Кобул, Бурҷи озодии Теҳронро ба ранги байрақи Афғонистон дароварданд."

 Бурҷи озодии Теҳрон барои ибрози ҳамдардӣ бо ҳамсоя, ба ранги парчами Афғонистон даромад.

Шеъри шоири маъруфи эронӣ Алиризо Қазвеҳ ва ҳамдардии ӯ бо мардум ва ҳукумати Афғонистон дар фазои маҷозӣ ва расонаҳои ин кишвар ба таври васеъ интишор ёфт.

 Шеъри шоири эронӣ Алиризо Қазвеҳ дар расонаҳои Афғонистон бозтоби бисёр ёфт.

Ба думболи он  шоири шинохташудаи Афғонистон Қанбаралӣ Табеш  низ шеъреро ба манзури қадрдонӣ аз эрониён ба ин муносибат эҷод кард ва онро дар фазои маҷозӣ мунташир кард.

Шуморае аз корбарони Фейсбук бо бознашри тасовири шаҳрдории Теҳрон аз ибрози ҳамдардӣ ва ғамшарикии мардуми Эрон қадрдонӣ карданд.

 Эрониён ва муҳоҷирони афғон ба хонаводаҳои қурбониёни ҷинояти Донишгоҳи Кобул ибрози ҳамдардӣ карданд

 

 Султон Алӣ Раҳимӣ, коршиноси аршади сиёсӣ, дар ин бора Твиттер навишт: "Ҳукумат ва мардуми Эрон ҳамеша дар канори мардум ва ҳукумати Афғонистон буданд ва дар ҳамкорӣ бо мардуми мо дар мушкилтарин шароит ва рӯзҳо ҳамкориашонро дареғ надоштанд."

Моҷарои #ҷони_падар_куҷостӣ ? аз он ҷо шурӯъ шуд, ки ҳангоми ҳамлаи террористҳо ба донишгоҳи Кобул падар 142 бор ба телефони ҳамроҳи фарзандаш, ки донишҷӯи донишгоҳи Кобул буд, занг зада ва пас аз он ки посухе дарёфт накарда буд, дар паёмаке ба духтараш ки яке аз шаҳидони ҳодиса буд навишт, ки «"ҷони падар куҷостӣ?"

Бештар бихонед:

 

Барчасп