Ноябр 11, 2020 18:51 Asia/Dushanbe
  • Бисёре аз асарҳо дар соҳаи афкори сиёсии ислом аз Довуди Фейраҳӣ боқӣ мондаанд
    Бисёре аз асарҳо дар соҳаи афкори сиёсии ислом аз Довуди Фейраҳӣ боқӣ мондаанд

Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин доктор Довуди Фейраҳӣ ва устоди Донишгоҳи улуми сиёсии Теҳрон ба далели ибтило ба корона дар синни 56-солагӣ дорул фониро видоъ гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Довуд Фейраҳӣ ба далели ибтило ба бемории корона дар бемористони Лолаи Теҳрон дар бахши ICU бистарӣ буд, ки субҳи имрӯз ба далели вахимтар шудани беморӣ ба диёри Ҳақ шитофт.

Довуд Фейраҳӣ улуми диниро то поёни муқаддамот дар мадрасаи Илмияи шаҳри Занҷони зодгоҳаш гузаронд ва сипас фиқҳ ва усулро аз соли 1366 то 1380 (1987-1999) дар ҳавзаи илмияи Қум омӯхт.

Доктор Довуд Фейраҳӣ аз 21 сол пеш дар донишгоҳи Теҳрон улуми сиёсӣ тадрис мекард

Вай ҳамзамон аз соли 1366 шамсӣ ( 1987 ) дар донишгоҳи Теҳрон дар риштаи коршиносии улуми сиёсӣ қабул шуд ва ин риштаро то мақтаи доктории улуми сиёсӣ бо гароиши андешаи сиёсӣ аз ҳамин донишгоҳ идома доду ва аз ҳудуди 21 соли пеш узви ҳайати илмии гурӯҳи улуми сиёсии донишгоҳи Теҳрон ва аз барҷастатарин чеҳраҳои илмӣ дар ин риштаи донишгоҳӣ шуд.

Аз Довуди Фейраҳӣ китобҳое ҳамчун « Қудрат, дониш ва машруъият дар ислом », « Низоми сиёсӣ ва давлат дар ислом» ва «Таърихи таҳаввули давлат дар ислом» ба ёдгор монда ва беш аз 30 мақола дар ҳавзаи андешаи сиёсии ислом дар маҳаллоту конфаронсҳои илмӣ ба чоп расидааст.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ муовини аввали раисҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон Муҳамади Ҷаводи Зариф ва низ Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Сайид Ҳасан Хумайнӣ набераи  гиромии Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар паёмҳои ҷудогона зойеъаи даргузашти ин чеҳраи барҷастаи донишгоҳӣ ва рӯҳонии навандеш ва ворастаи Эронро тассалият гуфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп