Тадбирҳои ҷадиди давлати Эрон барои мубориза бо корона
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тадобири ҷадид барои мубориза бо вируси корона хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи шанбе дар ҷаласаи ситоди миллии муқобила бо вируси корона дар Эрон, шиддат ёфтани маҳдудиятҳо ва ба ҳаддиақал расондани таҷаммӯъҳо ва рафту омадҳоро зарурӣ донист ва гуфт аз шанбеи оянда (21 ноябр) дар саросари кишвар тарҳи ҷадиде иҷро мешавад, ки то поёни ҳамагирии корона идома хоҳад ёфт.
Руҳонӣ афзуд: "Ин тарҳ барои кулли кишвар ба шакли ҳафтагӣ иҷро мешавад ва барои ҳар шаҳр муқаррароте таъин хоҳад шуд."
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: "Афзоиши маҳдудиятҳо бо ин ҳадаф аст, ки мардум комилан ҳис кунанд шароит фавқулодда аст ва барои убур аз ин шароит бо камтарин зарар, ҳама бояд ёрӣ кунанд."
Бар асоси омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, бо шиносоии 11 ҳазору 203 бемори Ковид-19 маҷмӯи гирифторони ин беморӣ то рӯзи шанбе 14 ноябр ба 749 ҳазору 545 нафар расидааст.
Ҳамчунин дар 24 соати гузашта 452 нафар аз беморони Ковид-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва шумори ҷонбохтагони эронии ин беморӣ ба 41 ҳазору 34 нафар расид.
Теъдоди беморони Ковид-19 дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 54 миллион нафар расидааст, ки дасти кам як миллиону 311 ҳазор нафари онон ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед: