Дар Эрон хатти тавлиди кити ташхисии фаврии корона ифтитоҳ шуд
Нахустин хатти тавлиди кити ташхисии фаврии вируси корона рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Эрон бо рӯнамоӣ аз хатти Дар Эрон хатти тавлиди кити ташхисии фаврии корона дар ҷамъи се кишвари дорои дониши фании сохти кити фаврии ташхиси корона қарор гирифт.
Тафовути ин кит бо китҳои қаблии тавлидшуда (PCR) дар дастрас будани он барои манотиқи камбархурдор, ҳазфи дастгоҳҳои гаронқиммат барои тавлиди кит, коҳиши қимати 30 дарсадӣ дар муқоиса бо соири китҳо ва замони фаврии ташхиси вирус аст.
Бо роҳандозии хатти тавлиди китҳои ташхиси фаврии вируси корона дар Эрон ба зудӣ аз ин китҳо дар тарҳи таҳқиқи умумӣ истифода хоҳад шуд ва теъдоди озмоишҳои рӯзонаи корона дар ин кишвар аз ҳудуди 40 ҳазор ба болои 100 ҳазор озмоиш мерасад.
Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Эрон 775 ҳазору 121 нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод 41 ҳазору 979 нафар ҷон бохта ва 564 ҳазору 699 нафар низ беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед:
-
Ниқоби воқеиро аз ниқоби қалбакӣ чӣ гуна фарқ кардан мумкин аст? + филм
-
Дархости даҳҳо кишвари ҷаҳон барои хариди тестҳои ташхиси коронаи сохти Эрон