Ноябр 17, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 17 октябри 2020
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи сешанбеи 17 октябри 2020

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 482 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар бар асари корона хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: “Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 352 бемори ҷадиди Ковид -19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 3 ҳазору 79 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд”.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон

Лорӣ ҳамчунин гуфт, маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 788 ҳазору 473 нафар расидааст, ки то кунун 570 ҳазору 774 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 482 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 42 ҳазору 461 нафар расидааст”.

Теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 55 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 333 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 38 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Омори корона дар Эрон ва ҷаҳон

Ҷон бохтани 459 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон

Хатти тавлиди кити ташхиси фаврии корона дар Эрон ифтитоҳ шуд

 

Барчасп