Ваксинаи эронии корона тобистони оянда вориди бозор мешавад
(last modified Mon, 23 Nov 2020 15:31:45 GMT )
Ноябр 23, 2020 20:31 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар тавлиди ваксина ҳудуди 70 сол собиқаи фаъолият дорад
    Эрон дар тавлиди ваксина ҳудуди 70 сол собиқаи фаъолият дорад

Мудири гурӯҳи таҳқиқоти вирусшиносии институти Постури Эрон гуфт, Эрон бо такя бар донишу таҷрибаи тӯлонии худ дар сохти ваксина, дар тавлиди ваксинаи Ковид -19 ба дастовардҳои хубе расидааст ва ба эҳтимоли қавӣ ваксинаи эронии корона то тобистони соли оянда вориди бозор мешавад.

 
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Кайҳони Озодманиш афзуд, дониши сохти ваксина дар Эрон қадимӣ аст ва кишвари мо таҷрибаи фаровоне дар ин замина дорад, аммо дар шароити кунунӣ ва бо тавваҷуҳ ба раванди тавлиди ваксинаи корона дар чанд ширкати эронӣ эҳтимолан марҳалаи тавлиди анбӯҳи он то тобистони 2021 тӯл хоҳад кашид.

Вай дар айни ҳол таъкид кард: Агар дар ин муддат аз кишвари дигаре битавон ваксинаро арзонтару беҳтар, бамавқеу ба мизони кофӣ харидорӣ кард, ин корро хоҳем кард, зеро бояд аз ҳар роҳе ки метавонем мушкили кишвару мардумро ҳал кунем.


Муассисоти пизишкии Постур ва Розии Эрон дар тавлиди ваксина ҳудуди 70 сол собиқаи фаъолият доранд.
 
Дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо эъломи муваффақияти 90 дарсадии ваксинаи ширкати Файзер баъд аз 10 моҳи нигаронӣ аз ҳамагирии корона умедвории мутахассисон ба халосии башар аз корона бештар шудааст.
 
 
Бештар бихонед: