Ноябр 29, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Хоманаӣ
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Хоманаӣ

Иқдоми террористии асри ҷумъа /27 сентябр/, ки ба шаҳодати Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон мунҷар шуд, як бори дигар нишон дод Эрон лоиҳаи зарба задан ба амният ва бунёнҳои донишу илмро, ки аз пояҳои иқтидори миллати Эрон аст дар авлавияти аҳдофи ҷинояткоронаи худ қарор додаанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрат Хоманаӣ дар рӯзи шанбе дар паёме бо табрик ва тасаллияти шаҳодат ва фиқдони Муҳсин Фахризода донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон, бар муҷозоти қатъии омилон ва омирони ин ҷиноят ва ҳамчнин лузуми пайгирии талоши илмӣ ва фаннии ин шаҳид таъкид карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: "Ин донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоӣ , ки тавассути муздурони ҷинояткору шақоватпеша ба шаҳодат расид. ҷони азиз ва гаронбаҳоро ба хотири талошҳои илмии бузург ва мондагори худ, дар роҳи худо мабзул дошт ва мақоми волои шаҳодат, подоши иллоҳии ӯст.

Душманони Эрон дар солҳои ахир бо истифода аз гузинаҳои гуногун ва дар қолиби тарҳҳо ва роҳбурдҳое боздорандагии сиёсӣ, иқтисодӣ; ҳамчунин эҷоди ноамнӣ ва харобкорӣ дар фаъолиятҳои илмӣ ва проектҳои сулҳомези ҳастаии Эрон, аз ҷумла дар Натанз, ки таҳти назорати комили МАГАТЭ қарор дорад; талоши васеъ кардаанд, то Эронро водор ба таслим кунанд. Аммо миллати Эрон дар ҳамаи арсаҳо нишон дод, ки шоистаи пешрафту иқтидори воқеӣ аст.

Террори донишманди мумтози ҳастаӣ ва дифоии Эрон шаҳид Фахризода гӯёи ин воқеият ҳаст, ки душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо фишори ҳаддиаксарии иқтисодӣ ба ҳадафи худ нарасидаанд, аз соли гузашта ва пас аз террори генерал шаҳид Қосим Сулаймонӣ ба фишори ҳаддиаксарии амниятӣ рӯй овардаанд.

Албатта эҷоди бӯҳронҳое аз ҷинси террор, аз сӯи созмонҳо ва давлатҳои террорист бесобиқа аст. Шаҳидон Маҷид Шаҳриёрӣ, Мустафо Аҳмади Равшан, Масъуд Али Муҳаммадӣ ва Дорюш Ризоинаҷот низ аз ҷумлаи донишмандони ҳастаии Эрон буданд, ки тавассути авомили террористӣ ба шаҳодат расиданд. 

Ин террорҳо ва талош барои маҳрум кардани Эрон аз дониши ҳастаӣ ва фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои фалаҷкунанда гӯёи ин воқеият аст, ки душманон дар ҳар замон ва маконе дар пайи тазъифи Эрон буда ва ҳамчунон низ дар ин ҷиҳат ҳастанд. Вақеият ин аст, ки онҳо аз ҳеч иқдоме барои зарба задан ба Эрон худдорӣ намекунанд. Бархе шавоҳид нишон медиҳад, давлатмардони Амрико, ки орзуи овардани Эрон ба пои мизи музокираро аз байн рафта мебинанд, дар ин мақтаъ барои эҷоди ҷанҷоли тоза барномарезӣ мекунанд.

Дар ҳамин хусус намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал Маҷид Тахтиравончӣ рӯзи ҷумъа бо ирсоли номае ба Шӯрои Амният нисбат ба иқдомоти бепарвоёнаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба вижа дар муддати замони боқимонда аз даврони раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп ҳушдор дод.

Ин гуна таҳаррукоти террористӣ, ки дарвоқеъ нишон аз тарси душманон аз қудрати боздорандагии Эрон дар арсаҳои дифоӣ аст, наметавонад монеъ аз идомаи пешрафтҳои илмӣ ва қудрати дифоии Эрон шавад.Шаҳид Фахризода, ки дар тӯли даврони умри бобаракати худ маншаи хадамоти фаровоне шуд, тавонист тавони дифоии кишварро ба тарози қобили қабуле аз боздорандагӣ расонад. Ҳамон гуна, ки дар паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ таъкид шудааст, роҳеро, ки шаҳид Фахризодаҳо оғоз кардаанд, ҳаргиз мутаваққиф нахоҳад шуд ва ин ҷиноёти террористӣ қатъан бе посух нахоҳад монд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп