Декабр 11, 2020 22:03 Asia/Dushanbe
  • Эрон тавзеҳи фаврии давлати Туркияро хостор шудааст
    Эрон тавзеҳи фаврии давлати Туркияро хостор шудааст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз эҳзори сафири Туркия дар Теҳрон дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаву ғайриқобилиқабли раиси ҷумҳурии Туркия дар сафар ба Бокӯ хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, сафири Туркия дар Теҳрон аз сӯи дастёри вазир ва мудири кулли АвруОсиё ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор ва зимни иблоғи маротиби эътирози шадид ба сафир таъкид шуд, Ҷумҳурии исломии Эрон тавзеҳи фаврии давлати Туркияро дар мн хусус хостор аст.

Хатибзода афзуд, дар ин эҳзор ба сафири Туркия гуфта шуд, ки даврони иддаоҳои арзӣ ва императориҳои ҷангафрӯз ва тавсеаталаб солҳост, ки сипарӣ шудааст.

Сухангӯи дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон изҳор дошт: Ба сафири Туркия таъкид шуд, Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳеч кас иҷозаи мудохила дар мавриди тамомияти арзии худро намедиҳад ва ҳамон тавр, ки таърихи пурифтихораш гувоҳ аст, дар хусуси амнияти миллии худ ҳатто заррае кӯтоҳ наме‌яд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар маросими паради низомии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба Бокӯ сафар кард ва дар ин маросим, ки Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам ҳузур дошт, байте аз як шеъри ҷудоиталабонаро дар бораи рӯди Арас дар марзи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон хонд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп