Декабр 12, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Туркия сафири Эрон дар Анкараро фарохонд
    Вазорати хориҷаи Туркия сафири Эрон дар Анкараро фарохонд

Вазорати хориҷаи Туркия ба ҷои узрхоҳӣ аз изҳороти насанҷидаи раисиҷумҳури ин кишвар дар сафар ба Бокӯ, дар вокуниш ба посухи мақомоти эронӣ ба ин изҳорот, сафири Эрон дар Анкараро фарохонд.

Ба гузориши ИРНА, вазорати хориҷаи Туркия ҷумъашаб дар баёнияе муддаӣ шуд: “вазорати хориҷаи Эрон ба рағми вуҷӯди гузинаҳои мухталиф барои ибрози нороҳатии худ, аз “Твиттер” Туркияро ҳадаф қарор додааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар маросими паради низомии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба Бокӯ сафар кард ва дар ин маросим, ки Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ҳам ҳузур дошт, байте аз як шеъри ҷудоиталабонаро дар бораи рӯди Арас дар марзи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон хонд.

Суханони хориҷ аз урфу мудохилаи ҷӯёнаи Эрдуғон бо вокуниши густардаи ҳамаи эрониҳо мувоҷеҳ шуд ва эрониҳо як садо онро ба шиддат маҳкӯм кардаанд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони ҳам дар “Титтер” дар посух ба изҳороти рӯзи панҷшанбеи раисиҷумҳури Туркия дар Бокӯ навишт: “ҳеч кас наметавонад дар бораи Озарбойҷони азизи мо(устонҳои Озарбойҷони шарқӣ ва ғарбӣ дар Эрон) суҳбат кунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф таъкид ка вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба изҳороти раиси ҷумҳурии Туркия дар твитте навишт: “Ба Эрдуғон нагуфта буданд, шеъре, ки ба ғалат дар Бокӯ хонд, марбут ба ҷудоии қаҳрӣ (иҷборӣ)-и манотиқи шимолии Арас аз сарзамини модариашон Эрон аст!”.

Ҳамчунин ба гуфтаи Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири Туркия дар Теҳрон рӯзи ҷумъа ба вазорати умури хориҷаи ин кишвари эҳзор ва зимни иблоғи маротиби эътирози шадид ба сафир таъкид шуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон тавзеҳи фаврии давлати Туркия дар ин хусусро хостор аст.

 

 

Барчасп