Тиҷорати 8 моҳаи Эрон ва Эко ба беш аз 5,7 миллиард доллар расид
(last modified 2020-12-17T16:06:51+00:00 )
Декабр 17, 2020 21:06 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати 8 моҳаи Эрон ва Эко ба беш аз 5,7 миллиард доллар расид
    Тиҷорати 8 моҳаи Эрон ва Эко ба беш аз 5,7 миллиард доллар расид

Сухангӯи гумруки Эрон гуфт: тиҷорати хориҷии Эрон ва маҷмӯаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Эко таи 8 моҳи сол2020 ба беш аз 5 мллиарду 762 миллиону 935 ҳазор доллар расидааст.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи Ирна, сухангӯи гумруки Эрон Сайид Руҳуллоҳ Латифӣ афзуд: тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҷмӯаии кишварҳои узви Эко дар 8 моҳи аввали соли 2020 болиғ ба 5 миллиарду 762 миллиону 935 ҳазору 500 доллар баробар бо 10 миллиону 911 ҳазору 727 тонна коло будааст. 

Латифӣ афзуд: саҳми содироти Эрон ба кишварҳои узви Эко болиғ бар 2 миллиарду 945 миллиону 623 ҳазору 49 доллар ва баробар бо 7 миллиону 430 ҳазору 423 тонна коло будааст. 

Сузангӯи гумруки Эрон гуфт: гази моеъ, мутақоти нефтӣ, моҳӣ, мегу, томати помидор, анвои сабзиҷот, меваи тоза ва хушк, анвои гулу гиёҳ, заъфарон ва хушкбори маҳсулоти содиротии Эрон ба кишварҳои узви ин иттиҳодия будааст.

Латифӣ афзуд: Мизони воридоти Эрон аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Эко инз болиғ бар 2 милларду 817 миллиону 313 ҳазору 451 доллар муодили 3 миллиону 481 ҳазору 304 тонна коло буд.

Латифӣ хотиришон кард: маводи аввалияи тавлид, нах, пахта, ҷав, зағир, адас, лубиё, таҷҳизоти пизишкӣ, маводи аввалияи саноатӣ, анвои асид, таҷҳизоти саноатӣ ва мошинолоти кишоварзӣ колоҳои воридотии Эрон аз кишварҳои узви Эко аст. 

Аъзои Эко муштамил бар 10 кишвар Эрон, Туркия, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳзбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд.

Бештар бихонед: 

 

Барчасп