Сафири Эрон дар Русия: Равобити Теҳрон - Маскав роҳбурдӣ аст
Сафири Эрон дар Русия равобити ду кишварро роҳбурдӣ донист.
Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории “Спутник”, бо баёни ин ки бархе талош мекунанд равобити Теҳрон - Маскавро камаҳамият ҷилва диҳанд, афзуд: равобити Эрон ва Русия дар бисёре аз заминаҳо роҳбурдӣ аст ва ин робита рӯз ба рӯз амиқтар мешавад.
Ҷалолӣ бо ишора ба ҳар ду кишвари Эрон ва Русия ҳадафи таҳрим (Амрико) ҳастанд, таъкид кард: Дар ин росто бояд вобастагӣ ба доллар дар равобити ду кишвар коҳиш ёбад.
Сафири Эрон дар Русия изҳор дошт, системаи молӣ миёни ду кишвар фаъол шудааст ва дар масири хубе қарор дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсад аз ҳаҷми тиҷорати Эрону Русия бо арзҳои миллӣ сурат мегирад.
Бештар бихонед: