Декабр 20, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Корона ҷони 177 нафари дигарро дар Эрон гирифт
    Корона ҷони 177 нафари дигарро дар Эрон гирифт

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: бо фавти 177 бемори дигар аз мубталоён ба Ковид-19 дар 24 соати гузашта, шумори ҷонбохтагони қатъии ин беморӣ дар кишвар ба 53 ҳазору 625 нафар расид.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе бо эъломи охирин омори мубталоёну ҷонбохтагони корона дар кишвар афзуд: Дар 24 соати гузашта то зуҳри имрӯз бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ шаш ҳазору 312 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 508 нафар бистарӣ шуданд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба як миллиону  158 ҳазору 384 нафар расидааст, гуфт: Хушбахтона то кунун 885 ҳазору 54 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 76 миллиону 703 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод як миллиону 693 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва 53 миллиону 823 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико  бо беш аз 18 миллион мубтало бо вируси корона ва 323 ҳазор қурбонӣ, бкштарин теъдоди мубталоён ва қурбониёнро ба худ ихтисос додааст.

Вируси корона омили бемории Ковид-19 аз авохири соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин мушоҳида ва дар муддати кӯтоҳе дар ҳамаи ҷаҳон мунташир шуд ба тавре, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ фаврияи 2020 бурузи ҳамагирии ҷаҳонии ин бемориро таъйид кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп