Декабр 20, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони Шӯрои Маҷлиси Исломӣ иқдомоти Аврупо дар таҳрими Эронро маҳкум карданд
    Намояндагони Шӯрои Маҷлиси Исломӣ иқдомоти Аврупо дар таҳрими Эронро маҳкум карданд

Намояндагони Шӯрои Маҷлиси Исломии Эрон иқдоми бархе аз кишварҳои аврупоӣ барои эъмоли таҳрими зидди мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум карданд.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар нишасти алании рӯзи якшанбе маҷлис бо судури баёнияе эълом карданд: порлумони Аврупо, ки имрӯз дар мухолифат бо эъдому ҳимоят аз муҷримони зидди амнияти миллии Эрон, қатънома  содир мекунад ҳамон ниҳодест,  ки дар муқобили террори ноҷавонмардонаи донишманди бегуноҳи Эрон сукути кард.

Дар ин баёния омадааст: намояндагони порлумони Аврупо ба ҷои ҳимоят аз муҷримон, ҳимояти бешармонаи кишварҳои ғарбӣ аз саҳюнистҳо, террористҳо, диктаторҳои кӯдаккушро канор ниҳода ва аз стандартҳои дугона даст бардоранд.

Дар баёнияи намояндагони Маҷлиси Шӯроии Исломии Эрон омадааст : афроде,  ки ҳадафманд аз дастрасии кӯдакони маъсум ва бемори эронӣ ба дору ҷилавгирӣ мекунанд ва қотили даҳҳо кӯдаки бемори эронӣ ҳастанд, салоҳияти иддаоии дифо аз ҳуқуқи башарро надоранд.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ таъкид карданд: дар ҳоле, ки мақомоти режими террорист ва ҷинояткори саҳюнист ба анҷоми террорҳо дар Эрон изъон кардаанд, мақомоту намояндагони порлумони аврупоӣ ё ба хотири сарсупурдагӣ ё тарс аз саҳюнистҳо ҳаргиз ҷуръати интиқод аз он ҷинояткоронро надоранд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагони порлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе бо тасвиби қатъномае Эронро ба он чӣ " нақзи ҳуқуқ башар" хонад шудааст , муттаҳам кардаанд.

Қонунгзорони аврупоӣ дар ин қатънома аз эъдоми « Руҳуллоҳи Зам» интиқод кардаанд.

«Руҳуллоҳи Зам » Ruhollah Zam аз саршохаҳои расонаии душман ва ҷанги равонии зидди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҷурми ҷосусӣ, фош кардани ҳаракатҳои фармондеҳони аршади низомӣ, бавижа генерали шаҳид Қосим Сулаймонӣ, ҳамкорӣ бо Амрико дар ташдиди таҳримҳо зидди Эрон ва омӯзиши равишҳои шӯриши хушунатомез, бомдоди шанбеи гузашта ба дори муҷозот овехта шуд.

Бештар бихонед:

Барчасп