Сохти ваксинаи саратони сина ва мағзи сар дар Эрон + филм
(last modified Tue, 22 Dec 2020 10:31:08 GMT )
Декабр 22, 2020 15:31 Asia/Dushanbe

Муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи биотехнологияи Донишгоҳи Урумия, дар шимолу ғарби Эрон, пас аз 20 соли таҳқиқот муваффақ шуданд барои дармони саратони сина ва мағзи сар ваксина бисозанд.

Барои сохти ин ваксинаи эронии дармони саратон, намунаҳои хун ва ҳуҷайраҳо аз ҳар як бемор гирифта шуда, ба тариқи тағйирот дар он ба бадани бемор ҳамчун ваксина ворид карда мешаванд.