Шаҳрҳои Ироқ ба тасовири сардорон Сулаймонӣ ва Ал Муҳандис зинат ёфт
Шаҳрҳои мухталифи Ироқ дар остонаи солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис ба тасовири ин 2 фармондеҳи сарафрози ислом зинат ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар бисёре аз шаҳрҳои Ироқ тасовири бузурге аз сардори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва сар дари хонаҳо насб шудааст.
Ҳамчунин дар устонҳои мухталифи Ироқ маросими ёдбуд ва бузургдошти шаҳидон сардори сипаҳбуди Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар ҳоли баргузорист.
Чанд рӯзи пеш низ порлумони Ироқ маросими бузургдоштеро дар ёбуди хотираи ин шаҳидони бузурги муқовимат баргузор ва аз мақоми онон таҷлил кард.
Сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис аз чеҳраҳои барҷастаи мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва теъдоде аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа (сеюми январи 2020) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизу ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурӯдгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.
Сардор Сулаймонӣ ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.
Бар асоси эъломи вазорати ҷанги Амрико, дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар содир карда буд.
Бисёре аз кишварҳо, созмонҳо ва гурӯҳҳо ин иқдоми террористии Амрикоро маҳкӯм кардаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Мусоҳибаи шунидании Раша Тудей бо духтари шаҳид Сулаймонӣ
- Муҳиммтарин меҳварҳое аз васиятномаи шаҳид Ҳоҷқосими Сулаймонӣ
- Чаро афсари аршади рус генерал Сулаймониро ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунад?