Декабр 28, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки омилони террори сардор Сулаймонӣ дар амон наҳоҳанд буд
    Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки омилони террори сардор Сулаймонӣ дар амон наҳоҳанд буд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ки давлати Амрико бояд посухгӯи ҷинояти террори сардор Сулаймонӣ бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд гуфт: «Намегузорем амркунандагон ва омилони террори шаҳиди Қосим Сулаймонӣ дар амон боқӣ бимонанд. Ин мавзӯе нест, ки давлату ҳокимияти Эрон аз он бигузарад. Давлати Амрико то рӯзи охир бояд посухгӯи ин масаъла бошад.»

 

Хатибзода дар бораи фароянди пайгирии парвандаи террори сардор Сулаймонӣ аз ҷониби давлати Ироқ низ гуфт: «ҳамон тавр, ки Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири пешини Ироқ гуфтааст, сардор Сулаймонӣ меҳмони давлати Ироқ буда ва дар хоки Ироқ ин ҳамла анҷом шудааст. Масъуляти Бағдод комилан равшан аст ва давлати Ироқ ба масъуляти худ амал хоҳад кард .» 

Дипломати аршади эронӣ гуфт: «Омилон, амркунандагон ва муовинон чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи Ироқ бояд ба пешгоҳи адолат ҳозир шуда ва муҷозот шаванд. Мо иҷозаи бе кайфар будани ин ҷиноятро намедиҳем.»

Хатибзода ҳамчунин бо ишора ба дидори ҳафтаи гузаштаи Ҳамдулло Муҳиб мушовири амнияти миллии Афғонистон бо вазири умури хориҷаи Эрон дар Теҳрон гуфт: «Роҳи ҳалли қатъии мунозиаҳо ва бӯҳронҳои Афғонистон, сиёсӣ асту бо тавваҷӯҳ ба ҳузури бесуботкунандаи Амрико дар он кишвар , Эрон ҳамаи гурӯҳҳои афғониро ба гуфттугӯҳое фарогир даъват мекунад .»

 

Бештар бихонед:

Барчасп