Декабр 28, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти лозим барои таъқиби муттаҳамони парвандаи террори сардор Сулаймонӣ анҷом шудааст
    Иқдомоти лозим барои таъқиби муттаҳамони парвандаи террори сардор Сулаймонӣ анҷом шудааст

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон гуфт, дар иртибот бо парвандаи сардори сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ 48 муттаҳам шиносоӣ шуданд ва иқдомоти лозим барои таъқиби онҳо анҷом шудааст.

Ба гузориши ИРНА, дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон афзуд, аз кишварҳое ки ба навъе дахилу даргир дар ҷинояти террори сардор Сулаймонӣ буданд дархост шудааст, ки иттилооту мустанадотро дар ихтиёри дастгоҳи қазоии Эрон қарор диҳанд.

Боқирии Канӣ изҳор дошт: Бар асоси ахбору иттилооти расида, пойгоҳи амрикоиҳо мавсум ба «Ромштейн» дар Олмон дар табодули иттилоот миёни паҳподҳои амрикоӣ, ки дар ҷинояти террори шаҳид Сулаймонӣ даргир буданд,, дахил будааст.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ (Алҳашдушшаъби) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп