Декабр 30, 2020 12:09 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши аввалин ваксинаи корона, ки аз ҷониби муҳаққиқони эронӣ сохта шудааст
    Озмоиши аввалин ваксинаи корона, ки аз ҷониби муҳаққиқони эронӣ сохта шудааст

Марҳилаи нахусти озмоиши инсонии ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ, рӯзи сешанбе 29 декабр бо тазриқ ба довталабон оғоз шуд.

Вазири беҳдошт «Саид Намакӣ » дар аввалин рӯзи озмоиши инсонии ваксинаи коронаи эронӣ гуфт: " Имрӯз ҷузви умедворкунандатарин рӯзҳои миллати Эрон хоҳад буд. Бо талошу пайгириҳое, ки ҳамкорону донишмандони кишвар дар мавзӯи Ковид-19 доштанд бо гузар аз мароҳил, мутолиоту моделҳое, ки пушти сар гузоштанд, тавонистем аввалин тазриқро ба рӯи инсон анҷом диҳем ."

Тазриқи инсонии марҳалаи аввали мутолиоти болинии нахустин ваксинаи коронаи тавлидшуда тавассути гурӯҳи таҳқиқотии ситоди иҷроии фармони Ҳазрат Имом Хумайнӣ (раҳ ) бо номи ихтисосии «Ков Эрон баракат» анҷом шуд. 

Шуюи вируси корона, буҳроне ҷаҳонӣ аст. Душвории муқобила бо вируси корона дар Эрон, аммо бо таҳримҳои золимонаи Амрико малмустар шуд. Амрико дар ин замина низ талош кард монеи дастёбии Эрон ба дору ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёз барои дармони беморони коронаӣ шавад . Амрико ҳатто замоне, ки Эрон барои хариди ваксинаи зукком ҳам иқдом карда буд, монеи интиқоли он ба Эрон шуд. Душманони миллати Эрон аз ҳар абзоре барои зарба задан ба Эрон истифода кардаанд. Чигунагии муқобила бо ин вирус дар воқеъ як озмун барои давлатҳо ва миллатҳо аст ва Эрон нишон дод, ки таслими мушкилот намешавад.

Мавзеи Эрон дар таъмини ваксинаи корона
 

 Эрон таъмини ваксинаи коронаро аз се масир дунбол мекунад: як масири воридоти ваксина аз маҷмӯае аст, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ барои таҳияи ваксина барои ҳамаи кишварҳо таъин кардааст. Дар ҳоли ҳозир ваксинаи чанд ширкати мӯътабар дар марҳалаи баҳрабардорӣ аст. Ваксинаи "Оксфорд "  ва " Модерно" аз тавлидоте ҳастанд, ки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ онҳоро таъид кардааст. Эрон 16 миллиону 800 ҳазор доза ваксинаро бо эҳтисоби ин ки ҳар фарде бояд ду доза ваксина бигирад барои ҳашт миллиону 400 ҳазор нафар гурӯҳҳои осебпазир пешхарид кардааст.

Роҳи дуввум, хариди ваксина аз соири манобе мӯътабар аст ва дар ин замина низ Эрон дар ҳоли музокира аст.

Масири дигаре, ки барои таъмини ваксинаи корона дунбол мешавад, тавлиди муштарак аст. Эрон дар ин тарҳ бо яке аз соҳибони технологии дунё вориди фазаи тавлиди муштараки ваксина дар институти Пастор шудааст.

 

 
Эрон дар тавлиди ваксина дорои таҷрибае ҳудуди 100 сол асту ба бисёре аз кишварҳои дунё ва минтақа ваксина содир кардааст. Дар мувоҷиҳа бо Ковид-19 низ муҳимтарин ҳадафи донишмандону мутахассисони эронӣ тавлиди ваксина дар дохили кишарҳост. Дар ин замина ҳамаи зарфиятҳо бакор гирифта шуда ва азму иродаи миллӣ дар Эрон ғалаба бар мушкилоту табдил кардани ин таҳдид ба фурсат аст. Акнун ин талошҳо дар ҳоли ба самар нишастан асту тавлиди ваксинаи эронии коронаи марҳала ба марҳала тавассути Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ назорат шуда ва ин созмони мароҳили тавлиду марҳалаи озмоишгоҳиро тасдиқд кардааст. 

Интизор меравад бо шурӯи марҳалаи тести инсонӣ, авоили соли оянда, яъне дар баҳори соли 1400 (2021 мелодӣ) Эрон ба унвони яке аз тавлидкунандагони матраҳи ваксина дар минтақа матраҳ шаваду ниёзҳои кишварро бароварда кунад.

Бештар бихонед:

Барчасп