Январ 03, 2021 11:15 Asia/Dushanbe
  • Амрико бо хурӯҷ аз БарҶом метавонист ғанисозии уран то 20 дарсадро пешбинӣ кунад
    Амрико бо хурӯҷ аз БарҶом метавонист ғанисозии уран то 20 дарсадро пешбинӣ кунад

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена гуфт, тасмими Теҳрон барои оғози ғанисозии уран то 20 дарсад қобили пешбинӣ буд.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена рӯзи шанбе дар сафҳаи “Твиттер”-ии худ навишт: “Амрико бо хурӯҷ аз БарҶом ин иқдоми Эрон (ғанисозии уран то 20 дарсад)-ро метавонист пешбинӣ кунад.

Laurence Norman, хабарнигори рӯзномаи амрикоии "Wall Street Journal" дар Аврупо дар ҳисоби “Твиттер”-ии худ навишт: “Эрон 31 декабри 2020 бо ирсоли номае тасмими худ барои ғанисозии уран то 20 дарсадро ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ эълом кардааст”.

Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аввали декабр бо тасвиби тарҳи" иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон", Созмони энержии атомии ин кишварро мукаллаф кард, дар сӯрати лағви нашудани таҳримҳо дар 3 моҳ иқдомоти худро барои фаъолсозии"сентрифугаҳо" оғоз кунад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп