Январ 03, 2021 19:42 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи сипоҳ: Замон ва макони интиқоми хуни сардор Сулаймониро Эрон таъин мекунад
    Сухангӯи сипоҳ: Замон ва макони интиқоми хуни сардор Сулаймониро Эрон таъин мекунад

Сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ гуфт: Замон ва макони интиқоми хуни сардори сипаҳбуд шаҳид Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро Эрон таъин мекунад.

Сардор «Рамазон Шариф»,  сухангӯии сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Рашатудей, таъкид кард: Теҳрон баъид намедонад, ки Амрико муртакиби ҳамоқати дигари зидди Эрон шавад.

Сардор Шариф афзуд: Эрон ҳамчунон фурсат дорад, то интиқоми хуни сардор Сулаймониро бигирад;  зимни ин ки ин масаъла ҳатмӣ ва қатъӣ аст ки дар замону макони муносиб анҷом хоҳад шуд.

Сухангӯи сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо баёни ин ки ин Эрон аст, ки замону макони гирифтани интиқом аз террори сардор Сулаймониро мушаххас мекунад. на Амрико, таъкид кард: Ин интиқом бояд бештарин таъсиро бар душмани бигузораду бештарин ҳимоятро аз ҷаҳони исломӣ касб кунад.

Сардори сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ» фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис» муовини пешини созмони Ал-Ҳашду Шаъбии Ироқ ба ҳамроҳи ҳашт нафари дигар аз ҳамразмонашон бомдоди ҷумъа сеюми январи 2020 дар масири фурӯдгоҳи Бағдод дар иқдоми террористии Кохи Сафед ва ба дастури мустақими «Доналд Трамп » раиси ҷумҳурии Амрико, бо шиллики ракет аз паҳподҳои артиши ин кишвар, ба шаҳодат расиданд.

Ин ҷинояти палиди Амрико зидди фармондеҳони муқовимат сабаб шуд, ки намояндагони мунтахаби мардуми Ироқ дар порлумони ин кишвар мусаввабаи ихроҷи нерӯҳои бегона аз кишварашонро тасвиб кунанд то марҳалаи дигаре аз муборизаи мардуми Ироқ зидди ишғолгарии Амрико оғоз шавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп