Размоиши паҳподии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз шуд
(last modified Tue, 05 Jan 2021 11:34:22 GMT )
Январ 05, 2021 16:34 Asia/Dushanbe

Нахустин тамрини бузурги разми паҳподии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо ширкати садҳо паҳпод аз нерӯҳои чаҳоргонаи артиш дар минтақаи умумии Симнон, дар шарқи ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии артиши Эрон, дарёдор Сайидмаҳмуди Мӯсавӣ, муовини амалиёти артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи сешанбе бо баёни ин ки Эрон аз кишварҳои тавонманди ҷаҳон дар ҳавзаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин маҳсуб мешавад, гуфт: Дар тамрини бузурги разми паҳподии артиш анвои мухталифи сомонаҳои паҳподӣ дар нерӯҳои заминӣ, падофанди ҳавоӣ, ҳавоӣ ва дарёии артиш дар шароити разми воқеӣ маъмуриятҳои таърифшударо иҷро мекунанд.

Муовини амалиёти артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Иҷрои амалиётҳои размии паҳподӣ шомили раҳгирии ҳавоӣ ва аз байн бурдани аҳдофи ҳавоӣ бо истифода аз мушаки ҳаво ба ҳаво, инҳидоми аҳдофи заминӣ бо истифода аз бомбҳову мушакҳои нуқтазан ва ҳамчунин бакоргирии густардаи паҳподҳои интиҳорӣ аз иқдомоте аст, ки дар бахши амалиётии ин тамрин иҷро мешавад.

Дарёдор Мӯсавӣ афзуд: Парвози паҳподҳои нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон аз рӯйи шиновар дар обҳои ҷанубии Эрон, парвози бурди баланди паҳподҳои интиҳории нуқтазан барои инҳидоми аҳдофи ҳассосу ҳаётӣ дар умқи хоки душман аз тарҳҳои тамринии разми паҳподӣ хоҳад буд.

 

Бештар бихонед: