Намояндаи маҷлис: Қобилияти мудофиавии ягон кишварро наметавон гирифт
(last modified Thu, 07 Jan 2021 12:45:29 GMT )
Январ 07, 2021 17:45 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи маҷлис: Қобилияти мудофиавии ягон кишварро наметавон гирифт
    Намояндаи маҷлис: Қобилияти мудофиавии ягон кишварро наметавон гирифт

Узви комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Тавоноии дифоӣ ва мушакӣ ҳаққи мусаллами ҳар миллат ва кишварест ва наметавон онро гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Ваҳид Ҷалолзода» узви комиссияи Амнияти миллии маҷлиси шӯрои исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба изҳороти ахири мушовири амнияти миллии  Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико «Ҷо Байден»  мабнӣ бар гуфтугӯ дар бораи барномаҳои мушакии Эрон дар ростои бозгашти Вашингтон ба Барҷом, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ғайр аз музокироти Барҷом ва амал ба тааҳудот аз сӯи кишварҳои аврупоӣ, ҳеч тааҳуди дигареро намепазирад.

Узви комиссияи Амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси шӯроии исломии Эрон тасреҳ кард: Баҳс дар бораи музокироти мушакии Эрон зиёдахоҳии амрикоиҳо аст, ки мехоҳанд дар бораи ҳуқуқи мусаллам ва дифоии Эрон дахолат кунанд.

"Ҷейк Салливан", мушовири амнияти миллии кобинаи давраи интиқолии Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико «Ҷо Байден» муддаӣ шуд барои бозгашт Вашингтон ба Барҷом, бояд дар бораи барномаи мушакҳои Эрон низ музокира шавад.

"Доналд Трамп",  раиси ҷумҳурии Амрико ҳаштуми май 2018 бо хуруҷ аз тавофуқи байналмилалии Барҷом, ваъда дода буд бо пайгирии сиёсати мавсум ба корзори "фишори ҳаддиаксарӣ" , Эронро барои расидан ба тавофуқи беҳтар муҷоб хоҳад кард.
 
Даврони 4 солаи раёсати ҷумҳурии Трамп рӯ ба итмом аст ва ӯ дар таҳаққуқи корзори фишори ҳаддиаксарии зидди Эрон ноком монд.