Январ 23, 2021 19:08 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбе 23 январи 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона дар Эрон то рӯзи шанбе 23 январи 2021 эълом шуд

Камтарин теъдоди мавориди фавт аз Ковиди 19 дар Эрон тайи 7 моҳи ахир дар 24 соати гузашта сабт шуд.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе бо эъломи охирин омори мубталоёну ҷон бохтагони корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: « дар 24 соати гузашта бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ 6 ҳазору 207 бемори ҷадиди Ковид 19 дар Эрон шиносоӣ шуд ва 495 нафар бистарӣ шуданд.»

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин гуфт: « бо фавти 69 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷони бохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 294 нафар расид.»

Хонум Лорӣ афзуд: «маҷмӯи беморони Ковид 19 дар Эрон ба як миллиону 367 ҳазору 32 нафар расидааст, ки хушбахтона токунӯн як миллиону 158 ҳазору 475 нафар аз онон беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.»

Бемории Ковиди 19 бар асоси омори расмии кишварҳо токунӯн беш аз 98 миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз додаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп