Январ 24, 2021 16:19 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили Зариф барои давлати Байден
    Таҳлили Зариф барои давлати Байден

Дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии пешини Амрико, бузургтарин хатоҳои муҳосиботӣ дар сиёсати хориҷии ин кишвар рақам хурд.

Трамп аз замони ҳузураш дар Кохи Сафед сиёсатҳои ифротиву шадидеро дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҷумла бар зидди Ҷумҳурии исломии Эрон - аз ташдиди таҳримҳо гирифта то эъмоли фишорҳои ҳаддиаксарӣ барои ба зону даровардани миллати Эрон дар пеш гирифт, аммо саранҷом ба ҳеч як аз аҳдофаш нарасид. Талоши ҳаддиаксарӣ барои нобудии БарҶом, эъмоли фишори ҳаддиаксарии иқтисодӣ бо аҳроми таҳримҳо, талош барои иттиҳоди ҷаҳонӣ ва бозгардонидани таҳримҳои таслеҳотии Шӯрои амният алайҳи Эрон аз ҷумлаи сиёсатҳои шикастхурдаи Амрико дар давраи раёсати ҷумҳурии Трамп буд.

Трамп аммо ҳечгоҳ тасаввур намекард, ки Эрон битавонад дар баробари фишорҳои Амрико истодагӣ кунад ва дар воқеъ дучори иштибоҳи муҳосиботӣ шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар твитте бо ишора ба ин ки давлати ҷадиди Амрико бо интихобе асосӣ рӯ ба рӯ аст, навишт: Давлати Байден метавонад сиёсатҳои шикастхурдаи қаблиҳоро дар пеш бигирад ва ба масири таҳқири ҳамкорӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ идома диҳад ва ё метавонад фарзҳои шикастхурдаро рад кардаву сулҳу оромишро дунбол кунад.

Тасмимоти насанҷидаву хатоҳои бузурги Трамп тайи чаҳор соли гузашта на танҳо интиқодҳои густардаи ҷаҳонӣ ба дунбол дошт, балки ваҷҳаи Амрикоро низ дар дунё ба шиддат хадшадор кард.

Вадим Хоменко, устоди донишгоҳ ва муовини Академияи улуми ҷумҳурии Татаристони Русия муътақид аст, ки хуруҷи Амрико аз БарҶом низ иштибоҳи роҳбурдии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар буд, ки ҳазинаҳои сангине рӯйи дасти Амрико гузошт ва ин кишварро беэътибор кард.

Гом‌ҳои Эрон барои коҳиши тааҳҳудоти довталабонааш дар чорчӯби БарҶом ин воқеиятро ба Амрико нишон дод, ки Теҳрон дар баробари зӯргӯии сарони Кохи Сафед сукут наме‌кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бахше аз суханони ахирашон ба муносибати солрӯзи қиёми 19 дайи 1356 мардуми Қум (9 январи 1978) ба масъалаи БарҶом ишора карданду гуфтанд: Ҷумҳурии исломӣ ҳеч исрору аҷалае барои бозгашти Амрико ба БарҶом надорад, балки мутолибаи мантиқии мо рафъи таҳримҳову бозгардонидани ҳаққи ғасбшудаи миллат аст, ки ин вазифаи Амрикову аврупоиҳои дунболарави он аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасмими маҷлис ва иқдоми давлат барои коҳиши бахши дигаре аз тааҳҳудоти БарҶомро комилан дурусту ақлонӣ донистанду афзуданд: "Амал кардани ҷумҳурии исломӣ ба ҳамаи тааҳҳудоти худ дар шароите, ки тарафи муқобил ба ҳамаи тааҳҳудоти худ амал намекунад, бемаънӣ аст".

Агар онҳо ба тааҳҳудоти худ бозгарданд, мо низ барме‌гардем, ҳамчунон, ки банда аз ибтидои БарҶом гуфтам, иқдомот бояд ҳамонанди «кору тааҳҳуди онҳо дар муқобили кору тааҳҳуди мо» бошад, ки албатта ин аввали кор анҷом нагирифт, аммо акнун бояд анҷом шавад.

Воқеият ин аст, ки душмании Амрико бо Эрон иллаташ қабул накардани сиёсати золимонаи Амрикост. Аз ин рӯ, танҳо роҳи поён додан ба ин душманӣ маъюс кардани он аст. Ба ҳамин далел бояд қавӣ шуд ва абзорҳои воқеии қудратро бояд тақвият кард. Изҳороти вазири умури хориҷаи Эрон низ баёни ҳамин нукта ва таъкид бар мавзеи мантиқии Ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи БарҶом аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа низ дар мақолае, ки дар нашрияи амрикоии «Форин эффейрз” мунташир шуд, бо ишора ба сиёсатҳои шикастхурдаи давлати Трамп гуфт: "Давлати тозавориди Байден ҳанӯз ҳам метавонад тавофуқи ҳастаиро наҷот диҳад, аммо ба шарти ин ки тамоми таҳримҳое, ки аз замони рӯйи кор омадани Трамп эъмол, бозэъмол ё ба тозагӣ изофаи шудаанд, ҳазф кунад".

 

Бештар бихонед: