Ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон омад
(last modified Tue, 26 Jan 2021 05:21:02 GMT )
Январ 26, 2021 10:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон омад
    Ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон омад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сафари ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон Саид Хатибзода бо ишора ба сафари ҳайати сиёсии Толибон ба Теҳрон ба раёсати  "Мулло Абдулғанӣ Бародар" афзуд: ин ҳайат бар асоси ҳамоҳангии қаблӣ ва ба даъвати Вазорати умури хориҷаи Эрон бомдоди имрӯз (сешанбе) бо истиқболи мақомоти Вазорати умури хориҷа вориди Теҳрон шуд.

Ба гуфтаи Хатибзод, ҳайати сиёсии Толибон дар муддати ҳузури худ дар Теҳрон, бо мақомоти масули Эрон, аз ҷумла вазири умури хориҷа ва намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон дидор ва дар хусуси раванди сулҳ дар Афғонистон ва масоил ва мавзӯоти муртабит, табодули назар ва ройзанӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед: