Талоши Эрон барои ташкили иттиҳодияи 6 ҷониба дар минтақаи Қафқоз
Вазири умури хориҷаи Эрон аз пайгирии Теҳрон барои ташкили иттиҳодияи ҳамкории 6 ҷониба дар минтақаи Қафқоз хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе ҳангоми вурӯд ба Маскав гуфт: «Теҳрон хоҳони ташкили иттиҳодияи ҳамкории 6 ҷониба дар Қафқоз аст ва ин муҳимтарин ҳадафи сафари минтақаии ман ба кишварҳои ин ҳавза аст.»
Зариф бо ишора ба равобити роҳбурдии амиқи Теҳрону Маскав гуфт, дар ин сафар дар бораи таҳаввулоти минтақа бавижа масаълаи Қарабоғ, БарҶом, равобити дуҷониба ва мавзӯоти байналмилалӣ аз ҷумла Сурия, Афғонистон ва Яман бо вазири умури хориҷаи Русия ройзанӣ хоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: «зарурати иҷрои тааҳҳудоти БарҶом аз сӯи ҳамаи тарафҳо, шароити минтақаӣ мисли Афғонистон, Сурия ва Яман аз муҳимтарин меҳвари ҳамкориҳои Эрону Русия аст.»
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи сафари минтақаии худ субҳи рӯзи сешанбе вориди Маскав шуд.
Гурҷистон, Арманистон ва Туркия мақсадҳои баъдии сафари минтақаии вазири умури хориҷаи Эрон хоҳад буд.
(робтаҳои Эрон ва Русия- сафари вазири хориҷаи Эрон ба Русия-и сулҳи Қарабоғ-и нақши Эрон дар сулҳи Қарабоғ-и тавофуқи ҳастаи аӣ)
БЕШТАР БИХОНЕД: