Январ 31, 2021 15:50 Asia/Dushanbe
  • Суханронии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) рӯзи 12 баҳман дар “Биҳишти Заҳро (с)” паёми инқилоб буд
    Суханронии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) рӯзи 12 баҳман дар “Биҳишти Заҳро (с)” паёми инқилоб буд

Миллати бузурги Эрон 42 сол қабл бо умед ба ояндае равшан, бо иродае муҳкаму бидуни иттико ба ҳеч қудрату абарқудрате, рӯзҳои сарнавиштсозро пушти сар гузошт то инқилоби шукӯҳманди исломиро ба пирӯзӣ расонад.

Аз 12 то 22 баҳманмоҳи 1357 рӯзи пирӯзии инқилоб, таҳаввулоте дар Эрон рух дод, ки боиси барчида шудани низоми фосиди шоҳаншоҳӣ шуд.

Ин 10 рӯзи сарнавиштсоз муҳосиботи режим ва ҳомиёнашро барҳам зад. Шикасти макри ҷилавгирӣ аз бозгашти имом Хумайнӣ ба меҳан дар 12 баҳманмоҳ, барҳамхурии Шӯрои салтанатӣ ва ташкили давлати муваққат аз сӯи имом Хумайнӣ, эъломи ҳамбастагии коркунони бахшҳои ҳассос ҳамчун санъати нафт бо хезиши инқилобии мардум, беасар шудани муқаррароти ҳукумати низомӣ бо дастури имом ва ҳузури мардум дар хиёбонҳову байъати таърихии ҷамъе аз ҳамофарон дар нуздаҳуми баҳманмоҳ аз рухдодҳои сарнавиштсоз буд, ки пирӯзии инқилобро рақам зад.

Суханронии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дар рӯзи 12 баҳман дар “Биҳишти Заҳро (с)” дар воқеъ паёми инқилоб буд.

Дар суханони имом таъкид бар шохисҳое ҳамчун зарурати таъйини сарнавишти мардум ба дасти худи мардум ва асл будани истиқлоли кишвар дар ҳамаи арсаҳо аз усуле буд, ки пояҳои инқилобро истеҳком бахшид.

Пирӯзии инқилоб дар ҳақиқат таҳаққуқи иродаи як миллати бузург барои ба даст овардани истиқлолу иззат ва берун омадан аз зери султаи қудратҳои истикборӣ буд.

Асабонияти Амрико дар воқеъ аз интихоб ва усули мондагори инқилоби исломии Эрон аст, ки султаи Амрикоро ба чолиш кашиду маншаи таҳаввулоту бедории миллатҳои таҳти ситам шуд.

Амрико аз нахустин рӯзҳои ташкили Ҷумҳурии исломии Эрон дар воқеъ роҳбурди барандозиро ба унвони як ҳадафи стратегӣ дар дастури кори худ қарор дод. Қудратҳои истикборӣ ба хубӣ медонанд, ки муҳимтарин чолиши онҳо барои ба зону даровардани миллати Эрон ҳузури мардум дар саҳна аст. Амрико дар ҳамаи ин солҳо талош кард то бо таҳримҳои густарда мардумро бо фишори ҳаддиаксарӣ дар тангно қарор диҳад. Амрико дар чиҳилу ду соли гузашта гузинаи фишори иқтисодиро ҳаргиз канор нагузошт.

Зери суол бурдани фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон, таҳдид нишон додани тавони мушакӣ ва такрори иддаои норавшан дар бораи нақши минтақаии Эрон ва иқдом ба террори қаҳрамонони арсаи муқовимат ҳамчун сардори шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳазфи физикии донишмандони ҳастаӣ ва нухбагони илмие ҳамчун шаҳид Фахризода бахше аз иқдомоти Амрико барои зарба задан ба инқилоби исломии Эрон дар солҳои ахир будааст. Миллати Эрон аммо бо иқтидору ваҳдати миллӣ нишон додааст, ки ҳеч қудрате наметавонад осебе ба миллату низоми ҷумҳурии исломии Эрон бизанад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп