Корона дар Эрон 76 қурбонии дигар гирифт
-
Теъдоди қурбониёни Корона дар Эрон ба 58 412 нафар расид
Бо фавти 76 нафар аз беморони мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар Эрон, теъдоди ҷонбохтагони корона дар ин кишвар ба 58 ҳазору 412 нафар расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта то зуҳри рӯзи шанбе 6 ҳазору 983 бемори ҷадиди мубтало ба Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 498 нафар бистарӣ шуданд.
Бар ин асос токунун як миллиону 459 ҳазору 370 нафар дар ин кишвар ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки токунун як миллиону 247 ҳазору 374 нафар аз ин беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Ҳамчунин бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона токунун ҳудуди 106 миллион нафарро дар дунё мубтало кардааст ва беш аз ду миллиону 300 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковиди 19 дар ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед: