Қолибоф паёми Раҳбари инқилоби исломиро ба давлати Русия таслим кард
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон паёми Раҳбари муаззами инқилобро барои тақдим ба раиси ҷумҳурии Русия имрӯз - душанбе таҳвили ҳамтои руси худ дод.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадбоқири Қолибоф дар ин дидор гуфт: “Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба давлати Русия дар чорчӯби равобити роҳбурдии ду кишвар аст”.
Қолибоф ба таъкиди Раҳбари инқилоби исломӣ бар тавсеа ва амиқтар шудани равобити Эрону Русия ва густариши сохтори ҳамкориҳои дуҷониба ишора кард ва гуфт: “Аз муҳимтарин аҳдофи сафарам ба Русия, таъкид бар ин мавзеъ аст, ки равобити Теҳрон ва Маскав таҳти таъсири таҳаввулоти ҷаҳонӣ тағйир нахоҳад ёфт”.
Муҳаммадбоқири Қолибоф дар аввалин сафари хориҷии худ ба унвони раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар садри ҳайате парлумонӣ ва бино ба даъвати расмии Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия, асри якшанбе ба вақти маҳаллӣ вориди Маскав шуд.
Бештар бихонед:
- Қолибоф: Дар сафар ба Русия ҳомили паёми муҳиме ҳастам
- Ирсоли нахустин маҳмулаи ваксинаи корона аз Русия ба Эрон