Феврал 11, 2021 19:30 Asia/Dushanbe
  • Инқилоби Эрон; чолиши 4 даҳаии давлатмардони Амрико
    Инқилоби Эрон; чолиши 4 даҳаии давлатмардони Амрико

Маросими ҷашни солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ имсол ба иллати густариши вируси корона мутафовит аз солҳои гузашта ва ба сурати мотосиклҳо ва мошинҳо баргузор шуд.

Бо баргузории маросими 22 баҳман, инқилоби шукӯҳманди исломӣ вориди 43-умин соли баҳори худ шуд. Бо гузашти 42 сол аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, инқилоби миллати Эрон ҳамвора яке аз чолишҳои умда барои сокинони утоқи зарди байзави шакл дар Вашингтон будааст, асосан чарои Инқилоби Исломии Эрон дар чаҳордаҳаи гузашта ба унвони як чолишҳои ҷиддӣ барои давлатмардони Амрико маҳсӯб мешавад?

Ончӣ мусалламаст вуқуъи Инқилоби исломӣ дар Эрон ва густариши умқи нуфӯзи Эрон дар байни кишварҳои исломӣ яке аз дағдағаҳои давлатмардони Кохи Сафед ба шумор меравад.

Роже Гароди, андешманди фаронсавӣ дар бораи аҳамияти Инқилоб исломӣ мегӯяд: «Инқилоби Исломӣ дорои маънои ҷадиде буд, ки на танҳо ҳукумати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва истеъмориро сарнагун кард, балки муҳимтар аз ин тамаддун ва ҷаҳонбинии хосеро, ки дар муқобили дин илм шуда буд, вожгун сохт».

Афзӯн бар Роже Гароди, бисёре дигар аз таҳлилгарони сиёсии пирӯзии Инқилоби исломиро қудратёбии мусулмонон дар ҷаҳон арзёбӣ кардаанд.

Ба унвони намуна, Мишел Ҷонсон дар мақолае дар нашрияи « Strategic Geopolitics» менависад: "ҷомеъаи муслимин пас аз Инқилоби Исломии Эрон аз ҳолати заъфу нотавонии худ хориҷ шуд ва ба як қудрат табдил шуд".

Ҳамчунин ба навиштаи ҳафтаномаи олмонии Шпигел, Инқилоби исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ (раҳ) ҳаёти тозае ба мусулмонон дар саросари ҷаҳон бахшид ва ислом муборизтарин мазҳаби дунё бо энержии инқилоби худ1/2 миллиард мусулмонро барангехту ононро барои ташкили ҳукумати Аллоҳ дар замин ба ҳаракат даровард.

Дар ин миён Ҳодӣ Ованг, раиси Ҳизби исломӣ (Pass)-и Малайзия ҳам мегӯяд: Инқилоби исломии Эрон мӯҷиб шуд, мусулмонони ҷаҳон аз қайду бандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фикрии истеъмор хориҷ шаванд."

Ва дар ниҳоят Муассисаи Брукингс дар таҳлиле, ки ба афзоиши ҳавзаи нуфӯзи Эрон пардохта ва менависад: Эрон тавонистааст дар пайи иштибоҳоти мудовими Амрико дар минтақа аз тариқи сиёсатҳои нарм дар сохтори қудрати минтақаӣ тағийроти чашмгире эҷод кунад.

Ба ҳар тақдир ончӣ мусалламаст, Инқилоби Исломии Эрон илова бар инки низоми сиёсии исломро ба дунё арза кардааст, аз сӯи дигар табдил ба улгӯи муборизотии мардуми таҳти ситам дар нуқоти мухталифи ҷаҳон аз ғарб то шарқи Осиё шудааст.

Профессор Ҷеймс Белл, муҳаққиқи амрикоӣ дар ин хусӯс мегӯяд: «мавҷе аз ҳаяҷони тӯдаӣ, исломро фарогирифтааст ва ин нерӯи тӯдаӣ, ки ғолибан ба унвони исломи бунёдгаро тавсиф мешавад аз марзҳои ҷуғрофиёӣ гузашта, идеологияи сиёсӣ ва режимҳои миллиро низ фарогирифтааст.»

Густариши тафаккури бедории исломӣ пас аз вуқуъи инқилоби Эрон

Бе‌гумон яке аз муҳимтарин падидаҳои сиёсии иҷтимоии ҷаҳони ислом густариши тафаккури бедории исломӣ аз авохири даҳа‌и 1970 ва бавижа пас аз вуқуъи Инқилоби Исломӣ будааст.

Дар ин давра бархе ҳаракатҳои исломӣ, ки пештар хомӯш буданд, муҷаддадан фаъол шуданд. Пеш аз он гурӯҳҳое монанди Ихвонулмуслимин ва гурӯҳҳои ҷудо шудаи он дар ҷаҳони араб ва дар Миср вуҷӯд доштанд, аммо пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, дар кишварҳое чун Тунис, Алҷазоир, Фаластин, Ироқ, Лубнон, Арабистон ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, Мағриб, Малайзия, Индонезия ва ҳатто дар Покистон гурӯҳҳои сиёсии тозае бо хат ва равишу идеологияи ислом‌гароёна шакл гирифтанд.

Дар ин миён Афғонистон ба далели иштироки забонӣ, ҳамҷаворӣ ва фарҳангӣ асарбахшии Инқилоби исломӣ низ оғоз шуд ва дар муқовимати мардум дар баробари кудатои коммунистии тарафдори Шуравӣ намуди комиле ёфт, дар замони ишғоли Афғонистон тавассути Артиши сурхи Шуравӣ низ гурӯҳҳои шиа ва суннӣ, яъне муҷоҳидини афғон аз Инқилоби исломӣ таъсир мегирифтанд.

Дар Покистон низ пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон боиси иртиқои сатҳи фикрӣ ва биниши сиёсии насли ҷавон ва пайдоиши наҳзати иҷрои фиқҳи Ҷаъфарӣ гардид ва бо дараки ҳамин шароит ҳам аст, ки бархе аз хабаргузориҳои ҷаҳонӣ қудрати Эронро ба унвони бузургтарин қудрати ҷаҳон матраҳ карданд, барои намуна, ҳафтаномаи‌ ду забонаи  «Ҳуҷӯм» дар ин бора менависад: «имом Хумайнӣ (раҳ ), ғурури Ғарбро поймол кард ва абарқудратҳои шарқу ғарбро ба зиллат ва хорӣ кашонд ва нишон дод, ки ислом дорои бузургтарин қудрат аст».

Ва нуктаи охир инки нуфӯзи маънавии Эрон дар байни кишварҳои минтақа боис шуда то давлатмардони саҳюнистӣ низ ба қудрати нарми Инқилоби Исломии Эрон изъони намоянд. Abba Eban назарияпардози саҳюнистӣ ва вазири хориҷаи вақти Исроил мегӯяд: «Инқилоби исломӣ, кутаҳандеши нест, балки фасли ҷадиде дар таърих идааст. Ман эҳсос мекунам, ин иддеа дар минтақаи ғарби Осиё шуюъ ёфта ва пирӯзии Инқилоби исломӣ баёнгари ин падидаҳо аст ».

Дар маҷмӯ бояд гуфт, Инқилоби Исломии Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта дастовардҳои муҳиммеро дар ҳавзаҳои мухталиф касб кардааст.

Яке аз дастовардҳои Инқилоби исломӣ дар сатҳи байналмилалӣ қудратёбӣ ва нуфӯзи Эрон дар минтақа ва дар байни кишварҳои исломӣ аст.

Ба баёни дигар бо пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон ва тағйири сиёсати хориҷии кишвар, ки бо таҳаввулоти умдаи байналмилалӣ низ ҳамроҳ шуд, нуфӯзи маънавии Эрон дар ғарбу шарқи Осиё, сабаби фароҳам шудани фазои манёври васиъе барои Теҳрон ва таъсиргузорӣ бар муъодилоти минтақаӣ гаштааст то онҷо ки ҳамин омил боиси дилнигаронии рақибони минтақаӣ ва қудратҳои байналмилалӣ шудааст .

Бе тардид ин дилмашғулӣ дар солҳои оянда низ идома хоҳад дошт, чаро ки шаҷараи тайибаи Инқилоби исломӣ рӯз ба рӯз танумандтар шуда ва нуфӯзи маънавии Инқилоби Исломии Эрон барағми анвоъи шайтанатҳои қудратҳои ғарбӣ ва минтақаӣ беш аз гузашта афзоиш ёфтааст.

Ба ҳар тақдир сарфи назар аз нуфӯзи маънавии Инқилоби Исломии Эрон дар минтақа ва дар байни кишварҳои исломӣ, Эрон табдил ба як кишвари қудратманд ва таъсиргузор дар муъодилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ шудааст. Ва бе тардид ғарбиҳо барои ҳали бисёре аз муъзалоти минтақаии худ, ниёзманд ба ҳамкорӣ ва ифои нақши Ҷумҳурии Исломӣ Эрон ҳастанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп