Фармондеҳи Фотимиюн: сарбозони мудофеъи ҳарам аз мутолиботи моддӣ бадуранд
(last modified Wed, 17 Feb 2021 15:21:36 GMT )
Феврал 17, 2021 20:21 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи Фотимиюн: сарбозони мудофеъи ҳарам аз мутолиботи моддӣ бадуранд

Фармондеҳи лашгари Фотимиюн бо ишора ба мазлӯмияти шуҳадои мудофеъи ҳарам бавижа шуҳадои Фотимиюн таъкид кард: “мудофеъони ҳарам ҳамвора аз мутолиботи дунявӣ ва моддӣ дур будаанд ва пойи дифо аз арзишҳои исломӣ истодаанд”

Генерал Саидҳасани Муртазавӣ дар ҷамъи коркунони Созмони садо ва симои Хуросони Разавӣ дар Машҳад бар зарурати дифо ва ҳимоят аз посдорони ҳарими шариъат таъкид кард ва гуфт: “инъикоси расонаии рашодатҳо ва аз худгузаштагиҳои сарбозони мудофеъи ҳарам, аз ҷумла лашгари Фотимиюн таклиф ва дайни шаръӣ аст”.

Вай аз муҳоҷирони афғонистонии ҳозир дар Эрон, ки дар арсаи расонаии фаъолият мекунанд, хост барои ҳифозат аз арзишҳо талош ва бо инъикоси расонаии рашодатҳои сарбозони мудофеъи ҳарами аҳли байт дар Сурия ва Ироқ дайни худро дар ин замина адо кунанд”.

Генерал Муртазавӣ дар бахше аз суханонаш бо ишора ба ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз фароянди сулҳ дар Афғонистон гуфт: “роҳбурди низоми Ҷумҳурии исломӣ ҳимоят аз раванди сулҳ, ташкили давлати фарогир ва мушорикати ҳамаи ақвом ва мазоҳиб дар ҳокимият ва зиндагии мусолиматомези онҳо дар Афғонистон аст”.

Дар ин ҳамоиш аз бархе тавлидоти расонаӣ бо мавзӯи шуҳадои мудофеъи ҳарам низ рӯнамоӣ шуд.

Лашгари Фотимиюнро ҷамъе аз муҷоҳидони афғон ташкил доданд, ки барои посдорӣ аз ҳарамҳои аҳли байт дар Сурия ва Ироқ озими ин кишварҳо шуданд ва дар канори сипоҳи Қудси Инқилоби Исломӣ аз ҳарими миллатҳои мусулмон дар муқобили такфириҳои ДИИШ дифо карданд.