5 исфанд; Рӯзи бузургдошти Хоҷа Насриддини Тусӣ
Панҷуми исфанд дар тақвими Эрон рӯзи бузургдошти андешманди бузурги эронӣ, Хоҷа Насриддини Тусӣ ва рӯзи муҳандис аст.
Абу Ҷаъфар Муҳаммад бин Муҳаммад маърӯф ба Хоҷа Насриддини Тусӣ ва мулаққаб ба устод ул башар ва муҳаққиқи тусӣ дар соли 597 ҳиҷрии қамарӣ дар Тус ба дунё омад.
Вай ибтидо улӯми ақлӣ ва нақулӣ ва ҳикмати машоро омӯхт ва дар солҳои баъд риёзиёт, фиқҳ, фалсафа, нуҷӯм ва адабиёт хонд ва дар улӯми рӯз ба устодии тамом расид.
Бо ғалабаи сипоҳи Муғул бар Исмоилён, Хоҷа Насриддини Тусӣ ба хизмати Ҳалокохони Муғул даромад ва бо истифода аз нуфӯзи худ аз куштори мардум ва донишмандон ва вайронии осори фарҳангӣ ва илмӣ ва ғорати шаҳрҳо ва рӯстоҳо ҷилавгирӣ кард.
Пас аз фатҳи Бағдод ва суқӯти Аббосиён Хоҷа Насриддин маъмурият ёфт, то расадхонаи Мароғаро таъсис кунад.
Ӯ гурӯҳе аз риёзидонони бузургро гирд оварад ва кори бунёди расадхонаро дар соли 657 қамарӣ оғоз кард.
Хоҷа бо ин кор, олимони бузурги замонро, ки пароканда буданд дар як макон, ҷамъ кард ва ҳамчунин китобхонае азим дар маҳали расадхонаи Мароға сохт, ки дар он 400 ҳазор ҷилд китоб аз саросари Эрон ва Шом ва шимоли Африқо гирд оварда буд.
Хоҷа Насриддин дар соли 672 дар 75 солагӣ, шонздаҳ сол пас аз таъсиси расадхонаи Мароға даргузашт ва дар Козимайн дар Ироқи имрӯзӣ ба хок супурда шуд.