Феврал 28, 2021 17:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз баёнияи муштараки Ҳинд ва Покистон барои ҳифзи оташбас
    Ҳимояти Эрон аз баёнияи муштараки Ҳинд ва Покистон барои ҳифзи оташбас

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, бо истиқбол аз баёнияи муштараки Ҳинд ва Покистон барои ҳифзи оташбас, онро гоме муҳим дар ҷиҳати сулҳу суботи бештар дар Осиёи ҷанубӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода имрӯз якшанбе аз баёнияи муштараки байни Ҳинд ва Покистон мабни бар тавофуқи ду кишвар барои ҳифзи дақиқи оташбас дар хатти назорат  истиқбол кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, баёнияи муштараки Ҳинд ва Покистонро гоме муҳим дар ҷиҳати сулҳу суботи бештар дар Осиёи ҷанубӣ донист ва ибрози умедворӣ кард, ки ду кишвар бо бардоштани гомҳои бештар дар ҷиҳати сулҳу субот ва рифоҳи минтақа гом бардоранд.

Ҳинду Покистон, чанд рӯзи пеш барои аввалин бор баъд аз ду даҳа бар сари риояти оташбас дар минтақаи мавриди муноқишаи Кашмир ба тавофуқ расиданд. 

Ҳинд ва Покистон дар соли 2003 тавофуқи оташбас дар хати контроли Кашмирро имзо карданд,  аммо аз он замон ҳар ду кишвар борҳо онро нақз карда ва ба мавозиъи якдигар ҳамла мекунанд. 

Кашмир яке аз муҳимтарин масоили мавриди ихтилофи байни Ҳинд ва Покистон аст ва ҳар ду кишвар иддаои моликияти онро доранд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп