Хатибзода: Иттиҳомзанӣ ва таҳдид зидди Эрон ҷавоб намедиҳад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки иттиҳомзанӣ ва таҳдид зидди Эрон ҷавоб намедиҳад, гуфт: Эрон иқдоми мусбатро бо иқдоми мусбат посух медиҳад.
Ба гузориши ИРНА, Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон бо ишора ба эъломи назари Эрон дар бораи пешниҳоди масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо барои ҷаласаи муштарак бо Амрико ва Аврупо гуфт: Мавозеи Эронро сареҳ, ошкор ва комил эълом кардем ва ҳеч тағйире дар ин мавзеъ рух надодааст.
Хатибзода афзуд: Масири феълии Амрико убур аз ҳамон сиёсатҳои иштибоҳи давлати қаблии ин кишвар аст ва ҳеч тағйире дар ин сиёсати зиддиэронӣ ва фишори ҳаддиаксарӣ рух надодааст ва ин дар ҳоле аст, ки агар Амрико мехоҳад дар мизи БарҶом ҷой дошта бошад, бояд эълом кунад, ки ба БарҶом бозгаштааст ва тааҳҳудоташро иҷро кунад ва таҳримҳоро бардорад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хитоб ба шарикони аврупоии БарҶом гуфт: Масири ҳамкорӣ беҳтар аз ҳар масири дигаре аст, зеро масири иттиҳомзанӣ ва таҳдид алайҳи Эрон ҷавоб намедиҳад ва Эрон ба ҳамкории мутақобил посух медиҳад.
Хатибзода дар бораи эҳтимоли тасвиби қатъномаи зидди Эрон дар Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ изофа кард: Давлати Байден оғози ноумедкунандае дар амал ба тааҳҳудоти Амрико доштааст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи далоили музокира накардани Эрон бо давлати Байден ҳам гуфт: Эрон масири дипломатияро боз кардааст ва Амрико се гом бояд бардорад: эъломи бозгашт ба тавофуқ, рафъи муассири таҳримҳо ва бозгашт ба мизи музокира ва масири баръакс нест, ки фикр кунанд таҳримҳову гарданкашиҳо идома ёбад ва онҳо дар мизи музокира бошанд.
Бештар бихонед:
- Иқдомоти дугонаи Амрико дар бораи БарҶом ва Эрон
- Раҳбари муаззами инқилоб: Агар дар БарҶом амали тарафи муқобилро бубинем, мо ҳам амал хоҳем кард
- Эрон барои бозгашти Амрико ба БарҶом шарт гузошт