Попи Рум Франсис ва Оятуллоҳ Систонӣ ба ҳам чӣ гуфтанд?
(last modified Sat, 06 Mar 2021 14:51:31 GMT )
Март 06, 2021 19:51 Asia/Dushanbe
  • Дӯстии байни мазҳабҳо меҳвари муколамаи Пешвои Олии шиаҳои Ироқ бо пешвои католикҳои ҷаҳон буд
    Дӯстии байни мазҳабҳо меҳвари муколамаи Пешвои Олии шиаҳои Ироқ бо пешвои католикҳои ҷаҳон буд

Дафтари Оятуллоҳ Узмои Систонӣ ва калисои Ватикан бо интишори баёнияҳои ҷудогона, дар он дӯстии байни мазҳабҳоро ҳамчун яке аз нуқтаҳои калидии муколамаи Пешвои Олии Шиъаҳои Ироқ бо пешвои католикҳои эълом карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси ин баёнияҳо марҷаъи олии шиаён «Оятуллоҳ Сайид Алии Систонӣ » дар дидор бо раҳбари котоликҳои ҷаҳон «Поп Франсис » ба чолишҳои бузурги башарият дар ин даврон, аз ҷумла бе адолатӣ, фақр, озору азиятҳои мазҳабӣ ва фикрӣ, саркӯби озодиҳои асосӣ ва нақши раҳбарони бузурги мазҳабӣ ва маънавӣ дар маҳори ин фоҷеаҳо ишора карданд ва афзуданд: қудратҳои бузург бояд ба ҷои забони ҷанг, манофеъи миллатҳоро дар авлавият қарор диҳанд. 

Оятуллоҳ Систонӣ ҳамчунин бар зарурати талошҳои ҳамоҳанг барои таҳкими маваддат ва ҳамзистии мусолиматомез ва ҳамбастагии инсонии мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил дар миёни пайравони адёни мухталифу гароишҳои фикӣи таъкид ва ибрози умедворӣ карданд, ки  масеҳён ҳамроҳ бо сойири миллати Ироқ битавонад сахтии рӯзҳои кунуниро дар ояндаи наздик пушти сар гузошта ва дар амният,сулҳу ҳифзи комили ҳуқуқ зиндагӣ кунанд. 

Поп Франсис низ дар ин дидор аз Оятуллоҳи ал-Узмои Систонӣ ва ҷомеъаи шиаёни Ироқ барои муқобила бо хушунат ва мушкилоти бузурге. ки дар солҳои гузашта пеш омад ва дифо аз заъифтарин мардуму ононе ки бештарини зулму ситамро дидаанд, ташаккур ва қадрдонӣ кард. 

 Раҳбари католикҳои ҷаҳонӣ инчунин муқаддасоти ҳаёти инсонӣ ва аҳамияти ваҳдати мардуми Ироқро таъкид намуда, барои ояндаи сулҳ ва бародарӣ дар Ироқ, Ховари Миёна ва ҷаҳон дуо гуфт.
  
Поп ва ҳайати ҳамроҳи ӯ пас аз тарки маҳалли иқомати Оятуллоҳи Систонӣ ба шаҳри торихии «Ур » зодгоҳи Ҳазрат Иброҳим дар ҷануби Ироқ рафтанд. 

Поп Франсис баъд аз зуҳри ҷумъаи вориди Ироқ шуд ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла « Мустафо Ал-Козимӣ » нахуствазир ва раисҷумҳури Ироқ  « Барҳам Солеҳ »  дидор ва гуфту‌гӯ кард.

 

Бештар бихонед: