Апрел 05, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди мубталоёни бемории корона дар Эрон дар натиҷаи сафарҳои наврӯзӣ рух медиҳад
    Афзоиши теъдоди мубталоёни бемории корона дар Эрон дар натиҷаи сафарҳои наврӯзӣ рух медиҳад

Фавти 172 нафари дигар аз мубталоён ба бемории Ковиди 19 дар шабонарӯзи гузашта дар Эрон теъдоди ҷонбохтагони ин бемориро дар ин кишвар ба 63 ҳазору 332 нафар расонадааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон; Дар 24 соати гузашта то зӯҳри имрӯз 13 ҳазору 890 бемори ҷадиди мубтало ба бемории Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва ду ҳазору 48 нафар бистарӣ шуданд.

Бо ин ҳисоб, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 945 ҳазору 964 нафар расид, ки як миллиону 658 ҳазору 978 нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд.

Афзоиши омори мубталоён ба корона дар Эрон дар натиҷаи таътилот ва сафарҳои наврӯзӣ рух медиҳад ва нишондиҳандаи оғози мавҷи чаҳоруми корона дар ин кишвар аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп