Апрел 06, 2021 16:05 Asia/Dushanbe

Шаҳри Сӯхта яке аз бузургтарин шаҳрҳои Эрони бостон ва аз муҳимтарин тамаддунҳои шарқи Фалоти Эрон маҳсуб мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Шаҳри Сӯхта аз маконҳои бостонии Зобул, дар устони Сиистон ва Балучистон аст ва бар асоси ёфтаҳои бостоншиносӣ аз қадимитарин тамаддунҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Ин минтақаи таърихӣ - бостонӣ дар гузашта шоҳроҳи иртиботии нимҷазираи Ҳинд ва Осиёи Марказӣ бо тамаддунҳои ҳошияи халиҷи Форс будааст. Шаҳри Сӯхта ҳамчунин бахши васеъе аз тамаддуни куҳани Эрон ва решаҳои фарҳангии шарқи Фалоти Эронро дар бар мегирад ва маркази шаҳрнишинӣ дар аҳди бостон ба шумор меравад.

Шаҳри Сӯхта ба сабаби зарфиятҳои фаровони таърихӣ ва ҳаҷми болои осори иктишофшуда дар ин шаҳри бостонӣ, минтақае арзишманд барои бостоншиносону алоқамандон ба таърих аст. Илова бар муҳити Шаҳри Сӯхта, музейи бузург ва сайти иктишофи ин шаҳр сохта шудааст, ки ҳар гӯшаи он ганҷе дар худ наҳуфта дорад. Ин музей ҷои нигаҳдории абзору лавозими кашфшуда, ба вижа чашми маснӯӣ аз саҳни бостонии Шаҳри Сӯхта аст. Чашми маснӯии Шаҳри Сӯхта дар соли 2006 кашф шуд ва ба ҷасади зане таъаллуқ дошт, ки дар Шаҳри Сӯхта дафн шуда буд. Синни ин зан дар ҳудуди 28 то 32 сол тахмин зада мешавад ва дар канори бақияи устухони ин зан, қоби чармии чашми маснӯӣ пайдо шудааст. Собиқаи қабру чашми маснӯии кашфшуда ба 2 ҳазору 800 соли пеш аз мелод мерасад.

Номи Шаҳри Сӯхта аз ҳудуди 150 соли пеш матраҳ шуд ва иллати ин номгузорӣ кашфи осори сӯхтагӣ дар бинои мустатилшакл, ба вусъати тақрибии 500 метр будааст. Дар ин бино роҳравҳо, зинаҳо ва деворҳои ғафси хиштӣ бо баландии се метр бо осоре аз тирҳои сӯхтаву скелети инсон кашф шудааст. Шаҳри Сӯхта соли 2014 ба унвони нахустин теппаи бостонии Эрон дар феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба сабт расида ва яке аз боарзиштарин ҷозибаҳои гардишгарӣ дар ҷануби шарқи Эрон аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп