Апрел 12, 2021 18:31 Asia/Dushanbe
  • Корона дар Эрон 274 нафари дигарро ба коми марг бурд
    Корона дар Эрон 274 нафари дигарро ба коми марг бурд

274 нафар дар 24 соати гузашта бар асари ибтило ба вируси корона дар Эрон ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон; бар ин асос маҷмӯи ҷонбохтагони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба 64 ҳазору 764 нафар расидааст.

Дар шабонарӯзи гузашта 23 ҳазору 311 бемори ҷадиди мубтало ба бемории Ковиди 19 дар Эрон шиносоӣ ва дар маҷмӯъ шумори беморони Ковиди 19 дар ин кишвар ба 2 миллиону 93 ҳазору 452 нафар афзоиш ёфт.

Токунун як миллиону 720 ҳазору 84 нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон низ беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп